• Mardon
  • 10.07.2019
  • 1

“Соҳибкорбонк” табдили ном карду … бонки исломӣ шуд

Саҳомдорон “Соҳибкорбонк”-ро “Тавҳидбонк” номгузорӣ карда вароҳро барои фаъолияти бонкдории исломии ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон боз карданд.

Маркази матбуоти “Тавҳидбонк” дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар ин бора хабар додааст.

“Дар ҷаласаи саҳомдорони Ҷамъияти Кушодаи Саҳомии “Соҳибкорбонк” аз  12 июни соли 2019 ин ниҳоди моли номи “Тавҳидбонк”-ро гирифта, 1 июли соли 2019 Шаҳодатномаи қайди давлатиро дарёфт кард”-омадааст дар ин хабар.

Тибқи иттилои ин манбаъ, ислоҳоти сохторӣ дар “Соҳибкорбонк” дар баҳори соли 2018 шурӯъ шуда ва мутахассисони Ширкати исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) дар ин замина ба ин бонк кумаки фаннӣ расондаанд.   

Бар асоси созишномае, ки “Тавҳидбонк” ва Ширкати исломии рушди бахши хусусӣ имзо шуд, ICD дар “Тавҳидбонк” бонкдории интернетӣ ва мобилиро ворид хоҳад кард. Ин системаи автоматикунонидашуда дар фаъолияти бонкдории исломӣ истифода мешавад.

Бонкдории исломӣ-ин тарзи фаъолияти молист, ки бар асоси муқаррароти шариат анҷом шуда ва гирифтани фоида ҳаром аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Парвина:

    Ассалом , Агар ин бонк ба к,онунхои шариати Ислом амал кунад , пас барои шахсоне ки дар руйхати сиёх, мебошанд ягон имтиёз ё бахшиш х,аст ё не ?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner