• Бахтовар Сафаров
  • 11.09.2019
  • 0

Соҳибмансабон хизматгоранд ё худхоҳ?

Аз корҳои созандагиву ободкорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар пайваста тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар гузоришу хабарҳо пахш мегарданд: яке шукрона мекунад, теъдоди дигар хулоса мекунанд, ки ин ҳама худнамоишдиҳии масъулин фиреби назар ва хокпошӣ бар чашми мардум аст.

Кӯлоб Фаронса мешавад?

Дар қатори ин теъдод банда низ гаҳу ногаҳ фирефтаи гуфтаи он нобоварҳо мешудам. Аммо сафар ба чанд шаҳру навоҳии кишвар, ҳар гуна нобовариҳоро аз сарам дур кард. Тавре мегӯянд, шунидан кай бувад монанди дидан. Ба афроде, ки нисбат ба рушду пешрафти шаҳру навоҳии кишвар бо чашми ҳайрату нобоварӣ нигоҳ мекунанд, тавсиа медодам, ки рӯзе сафари дилхоҳ ба гӯшаи кишвар намоянд, он гоҳ бо чашми сар хоҳанд дид, ки ҳамарӯза Тоҷикистон чӣ пешрафтҳоеро соҳиб аст.  Ҳар кӣ дар қиболи корҳои созандагӣ чашми кӯр дорад, яқин аст, ки ношукр ва бадхоҳи ин миллату Ватан аст. Чашми бад кӯр бодо!

Нахуст аз шаҳри Кӯлоб дидан кардам. Дар лаҳзаи ворид шудан ба шаҳр бо чашми сар дидам, ки хурду калон андармони корҳои ободонианд. Баъдан, аз суҳбат бо атрофиён маълум гашт, ки сокинони Кӯлобшаҳр дар доираи корҳои ободкориву созандагӣ ба умеди ҳар гуна сармояву маблағи худиву бегона нашуда, мехоҳанд қабл аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шаҳрро намунаи ибрати дигарон қарор диҳанд. Ва ба ин муяссар ҳам шудаанд: шаҳр чароғон аст, хиёбону гулгаштҳо ва боғҳоиистироҳатию фароғатӣ ба худ ҳусни тоза касб кардаанд, мардум шӯхиомез Кӯлобшаҳрро “Фаронсаи дуюм” ном мебаранд.

Дар қабати боғи истироҳатӣ чанд иншооти навбунёде ба чашм расид, ки коргарон шабонарӯз андармони кор буданд. Иттилоъ доданд, ки “объектҳои раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабуранд”. Аз Бег Сабур, ки бошанд, пас манзилҳои истиқоматианд, хулоса кардам худ ба худ. Бале, фарзияам дуруст баромад ва беихтиёр гуфтам: хеле кори хуб, биноҳои баландошёна ҳам ҳусни шаҳр зебо мегардонанду ҳам мардум соҳибхона мешаванд. Аммо чунин хулосарониҳоямро баъзе аз сокинони барӯманди Кӯлобшаҳр қабул надоштанд. Ба андешаи онҳо,“ободкориҳои Бег Сабур” ягона боғи истироҳатӣ-фароғатии сокинони Кӯлобшаҳрро аз онҳо рабудааст. Воқеан ҳам, бунёди иншооти мазкур қисмате аз боғро, ки ҳуснбахши шаҳр аст, коста гардонидааст.

Аз “объектҳои Бег Сабур” як чиз бештар таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард: сохтмончиён бидуни риояи техникаи бехатарӣ андармони коранд. Лаҳзае, ки атрофи иншоот будем, чанд тахтапорае аз боло сарозер шуданд ва шукрона, ки ба касе зарар нарасониданд. Аз чанд коргаре пурсидам, ки магар пешбурди кор бидуни андешидани чораҳои бехатарӣ бар зарари онҳо нест? Як нафари онҳо, ки худро зодаи шаҳри Турсунзода номид, бо ханда гуфт: -Ака, мо омӯхта шудагӣ, дар тақдир ҳар чӣ бошад, ҳамонро мебинем!Буданд нафароне, ки аз иқдоми Бег Сабур, ки ба андешаи онҳо кори алоқаро як сӯ гузоштаву ба бунёди сохтмон часпидааст, ҷонибдорӣ карда мегуфтанд, ки бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба нафъи мардум аст. Кош, бо нархи дастрас ва бидуни ҳар гуна манфиатҷӯиҳо ба нафъи мардум мебуд!

Соҳибмансабон ободкоранд?

Баъдан, роҳ гирифтам сӯи Муъминобод. Ин ҷо низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буд. Аз хурд то калон ҳама гӯё ба ҳашари умумимиллӣ баромада буданд, ки содиқона кор мекарданд. Маълум гашт, ки ба хотири ташрифи Пешвои миллат ба ноҳия ҳама дасту остин барзада, вайронаҳову харобаҳоро обод мекарданд. Хеле кори олӣ, ба шарофати Пешво шаҳру навоҳӣ ба худ симои наву тоза касб мекунанд. Аммо шигифтовар он аст, ки  чаро масъулини шаҳру навоҳӣ, соҳибкорону тоҷирон ва билохира сокинони маҳал ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи худ иқдом намегузоранд? Мутаассифона, чунин аҳвол дар аксар шаҳру навоҳии кишвар ба назар мерасад.

Чанд сол муқаддам аз ноҳияи Муъминободу Ховалингу Балҷувон дидан карда будам. Роҳҳо харобу валангор ва пур аз хоку чангу санг буданд, ки пешорӯйи мусофирону ронандагон даҳҳо мушкилот ба бор меовард. Аммо имрӯз ҳолат дигар аст: роҳҳо мумфаршу ҳамворанд, ки масофа миёни Муъминободу Ховалинг ҳамагӣ то ним соатро ташкил медиҳад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки раҳораҳ истгоҳҳои замонавии бо нақши миллӣ сохта, дар хизмати мусофирон аст.Маркази ноҳияи Ховалинг низ ба худ симои идона касб кардааст. Дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия “объектҳои Бег Сабур”-ро пайдо кардем. Офарин! Манзили серошёна ноҳияро замонавӣ нишон медиҳад ва мардум аз чунин иқдом розианд.

Раҳораҳ заминҳои чарогоҳ,рамаи молу гови зиёд,корхонаҳои хурду калон ба назар мерасанд, ки ронанда аз нигоҳи суоломезам чизеро дарк карда, шарҳ медиҳад: -Аз фалон генералҳову соҳибмансабони болоианд ва якояк ному насаби онҳоро ба забон мегирад, ки дар шаҳри Душанбеанд.Суоли баҳсбарангез, ки пайваста нохун ба асабҳои мардум мезанад, он аст, ки афроди соҳибмансаб ин миқдор маблағро аз куҷо дастрас мекарда бошанд, ки соҳибқасру соҳибмағозаву дигар дороиҳоянд? Магар борони пулу доллар болои боми инҳо меборад? Чаро як муаллим ва ё табибу рӯзноманигоре чунин имкону тавонро соҳиб нест?

Мардуми маҳал бар ин назаранд, ки то ин муддат соҳибмансабе, ки дар вазифаҳои калидианд,бунёду сохтани роҳу бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу ҳоҷатхонаҳои сари роҳро дар ҷойи дигар не, ақаллан дар маҳаллу зодгоҳҳояшон дар сар намепарвариданд. Танҳо интиқоду эроди Сарвари давлат нисбат ба онҳо, ки дар ғами худ ва аҳлу авлодашон ҳастанд, яхи худпарварии онҳоро об кард ва эшон билохира водор шуданд, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” саҳме аз худ ба ёдгор гузоранд. Аммо дар қиболи чунин соҳибимтиёзҳои соҳибмулк пиразану мӯйсафедони ватандӯсте арзи ҳастӣ доранд, ки  маблағи барои адои ҳаҷ ҷамъкардаашонро сарфи бунёди пулу роҳу мактабҳо карданд. Офаринашон!

Қаблан дар шоҳроҳи Кӯлоб роҳ хуб буду лек ҳоҷатхонае мавҷуд набуд, имрӯз  аз Норак то Ховалингу Балҷувон ҳоҷатхонаҳои замонавӣ қомат рост кардаанд. Чанд сайёҳеро дар роҳ вохӯрдам, ки аз сифати баланди роҳҳову ҳоҷатхонаҳои замонавӣ ва таъмини амнияташон болидарӯҳона сухан мегуфтанд. Мешудааст-ку?

Дар чанд матлаби қаблан ба нашррасида, ки роҷеъ ба масъалаи иҷтимоӣ масъалагузорӣ шуда буд, ишора ба он доштам, ки соҳибмансабон бояд хизматгори халқ бошанд, на баръакс.То андозае камтаракеҳам бошад, имрӯз соҳибмансабон хизматгори халқ гаштаанд. Рӯшантар агар гӯем, иқдомандешиву ташаббускории Сарвари давлат онҳоро водор кардааст, то  дар хизмати мардум бошанд. Он теъдод аз вазиру генералу дигар аз соҳибмансабоне, ки дар баробари соҳибмансабиашон сарватманданду фермаву мағозаву марокизи савдо ва дигар иншоот дар ихтиёр доранд, хуб мебуд, агар ҳамчун ободкори маҳаллу Ватани худ, ки бо он менозанду меболанд, дигар корҳои неку созандагӣ низ ба анҷом мерасониданд, то ҳамчун некном дар қалби насли наврас  маҳфуз мемонданд.

Роҳи валангор то маркази ноҳияи Ҳамадонӣ

Роҳи Ҳамадониро кай обод мекунанд?

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ корҳои ободониву созандагӣ дар авҷ аст, ҳар як масъул мехоҳад саҳму нақши худро дар ободонии ин диёр гузорад. Аммо роҳ то маркази ноҳия ба талаботи одӣ ҳам ҷавобгӯ нест. Сокинон қисса мекунанд, ки бештар дар фасли сармо мушкилоти роҳ онҳоро домангир мешавад. Афсӯс, ки соҳибмансабе, тоҷире, соҳибкори тавонову генерали сарватманде аз ин диёр сар боло намекунад, ки роҳро ба танзим дарорад, ҳам савоб мегирифту ҳам дӯстдори пиру барнои ин диёр мегашт.  Фикр мекунам ин ягона роҳ дорад: Агар сафари Пешвои миллат ба ин ноҳия сурат гирад, (албатта тавассути нақлиёти заминӣ), он гоҳ соҳибмансабу соҳибкоре пайдо мегардад, ки ба хотири худнамоишдиҳӣ роҳро ба мисли оина мегардонанд…

Хуллас, ҳар яки мо, бахусус афроди пулдору соҳибмансабу соҳибмаҳалро лозим аст, то ҳар гуна корҳои обдокориву созандагиро сидқан ва ба хотири мардум амалӣ созем, на ба хотири худнамоишдиҳиву дар мансабу вазифа боқӣ мондан.  Боқӣ қазоват аз шумо!

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner