• Бахтовар Сафаров
  • 13.09.2019
  • 0

Соати девори дил

Бузургмеҳри Тоҷиддин 27-уми апрели соли 1990 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети «Забонҳои Шарқ»- и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (соли 2014) ва шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) мебошад. Шеърҳояш то имрўз дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва нашрияҳои ҷумҳурияви ба нашр расидаанд. Ба наздики аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо унвони “Соати девори дил” аз чоп баромад.

КӮҲИ  ГОВҒАЛТ

Ҳар саҳар зи кӯҳи Говғалт

Офтоби деҳа рӯнамоӣ мекунад,

Ёди ман замони кӯдакиву деҳа мерасад.

Модари ягонаам

Субҳ пештар зи офтобу ман

Чашм рўйи сабзи деҳа мекушод,

Менамуд инчунин хитоб:

«Хез, эй писар,

Офтоб кӯҳи Говғалтро гузашт,

Баъди офтоб хестан зи хоб

Сахт танбалист»!

Орзуи кӯдакии ман ҳамеша буд ҳамин:

— Кўҳи Говғалт аз ин баландтар шавад,

Офтоб дертар ба он расад,

Модарам маро зи хоб дертар ҷудо кунад.

Орзуи кўдакии хешро,

Сад ҳазор бор дидаам ба хоб.

Як замон ба гуфти модарам зи кӯҳи Говғалт

Гови беҳтарини деҳа сарбазер рафтааст.

То ба ҳол кӯҳро

Аҳли деҳа кӯҳи Говғалт ном мебарад…

Ин замон, ки дур мондаам зи кӯҳу деҳ,

Чун ба хоб меравам,

Мисли модарам

Пештар зи офтоб чашм боз мекунам,

Офтоб рамзи модари ман аст,

Баҳри бехабар намондан аз насиби рӯзгори хеш

Фурсати тилоияст.

Ҳар саҳар зи кӯҳи Говғалт

Офтоби деҳа рӯнамоӣ мекунад,

Кӯдакиву деҳа мерасад ба ёди ман…

ҒАЗАЛ

Азизи дур, бигў, бо баҳор меойӣ?

Ба чашмҳои туро интизор меойӣ?

Ҳазор субҳ ба ҷойи ту офтоб омад,

Ба ҷойи моҳ ту як шоми тор меойӣ?

Тазодро, ки надонам, ғами ту шодиям аст,

Ба поси ин ҳама сабру қарор меойӣ?

Хумори омаданат бо умеди дур омад,

Нишастаам ба таги шаҳчанор, меойӣ?

Ниҳон набуд зи чашми рақиб рафтани ту,

Ба рағми таънаи ӯ ошкор меойӣ?

Биё, ки ин ғазал омад зи роҳи дури дилам,

Азизи дур, бигў, ин баҳор меойӣ?

ФАСОНА

Зи рўзи рафтанат

Ба рўйи офтоби рўзҳои бетуӣ

Нигаҳ накардаам.

Намондаам, ки дасти дигаре ба дил расад,

Ки нақши пойи туст дар дилам.

Зи рўзи рафтанат

Ба рўзҳои дигарам

Чу Мавлавӣ ҳикояту шикояти зиёд бурдаам.

Зи рўзи рафтанат

Ба роҳи рафтаи ту мондаам,

Агарчи омадан ба рафтани ту нест.

Зи рўзи рафтанат

Чу ранги сурх аз лаби ту рафт номи бостониям,

Чу охирин умед аз дили ту рафт ишқи достониям.

Зи рўзи рафтанат

Ба рўзи дигаре нарафтаам,

Чу ҳайкале ба зери он чанори пир мондаам,

Ҳамон муҳаббате, ки буд, ҳаст,

Вале ту нестӣ.

Ҳақиқати замони бо ту буданам

Фасонаи замони бе ту мондан аст.

Ҳақиқате, ки буд, нест,

Фасонае, ки ҳаст, бод…

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner