• Mardon
  • 19.07.2019
  • 0

“Сохтани танӯр дар Душанбе мамнӯъ аст”

Мақомот гуфтанд, бунёди танӯри нонпазӣ дар Душанбе ба ҳусни пойтахти Тоҷикистон нуқс ворид карда ва ҳавои шаҳрро  олуда хоҳад кард.

Ба эътиқоди масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон,
дар назди биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе сохтани танӯри нонпазӣ ба манзараи пойтахти кишвар мувофиқ набуда ва аз сӯи дигар истифодаи ангишту ҳезум барои пухтани нон ба вазъи экологии шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамзамон, онҳо таъкид доштанд, чунин мамнӯъият ба шаҳраку марказҳои ноҳияҳо рабте надорад ва дар он ҷо аз рӯи макети ин кумита танӯрҳои нонпазӣ бунёд хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон далели манъи бунёди айвон ё балконҳои кушод дар биноҳои бисёрошёнаро шарҳ дод.

Ба гуфтаи вай, маъмулан сокинони биноҳои баландошёна дар балкони кушод либоси шустаро овезон мекунанд, ки ба табиати пойтахт созгор нест.  Аз сӯйи дигар, гармои шадид дар фасли тобистон истироҳати аҳли хонаводаро дар балкони кушод  номумкин месозад.

Аҳмадзода таъкид кард, ки ҳоло дар назди биноҳои баландошёна майдончаҳо ва кӯшкчаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки сокинони биноҳои баландошёна метавонанд дастҷамъона дар ҳавои тоза истироҳат кунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner