• Маҳинаи Давлат
  • 17.10.2018
  • 1

“Солимии деҳаи ман…” озмун барои рӯзноманигорон

Семинари омӯзишӣ миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони ВАО шуда гузашт. Лоиҳаи Сино аз рӯи лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон марҳилаи баромад” семинарро оғоз намуд.

Гулзира Халилова, намояндаи Институти тропикӣ ва тандурустӣ ҷамъияти Шветсария дар Тоҷикистон ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Номбурда қайд намуд, ки лоиҳа дар соҳаи Тандурустии ҶТ  аз моҳи апрели соли 2003 фаъолият мекунад. Айни замон лоиҳаи баромади Лоиҳаи Сино  давом ёфта истода, то охири моҳи марти соли 2021 дар ноҳияҳои Восеъ, М. Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Конибодом давом меёбад.

“Дастгириҳои лоиҳа дар беҳтар намудани хизматрасониҳои КАТС ва тибби оилавӣ асос ёфтааст. Самтҳои он тавассути  такмили банақшагирӣ ва идоракунӣ, ҷалби ҷомеа ба масъалаҳои саломатӣ, зиёд намудани шаффофият ва ди гар намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ равона карда шудааст” иброз дошт Г. Халилова.

Даврон Пиров, муовини директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули  тарзи ҳаёти солим сабаби баргузории семинарро чунин шарҳ дод:

“Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” рӯи чоп омад, ки барои осон намудани кор миёни аҳолӣ мусоидат мекунад. Мақсади чопи ин дастур баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, алгаритми муайяни кор бо ҷомеа мебошад.

Дар охир Даврон Пиров миёни рӯзноманигорон озмун таҳти унвони “Солимии деҳаи ман, нерӯи асосии ман” эълон намуд ва ҷамъбасти он моҳи апрел баргузор мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner