• Фарзона Муроди
  • 01.02.2018
  • 0

Спитамен:  Беш аз 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарз аз об

 Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарздор буда, қарзҳои кредитории идора 998,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Майдони умумии заминҳо дар ноҳия 35575 га буда, заминҳои корами обӣ 14492 гектарро ташкил медиҳад: -Айни ҳол дар ноҳия 13 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд буда, дар он 27 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 13 чоҳи амудӣ мавҷуд аст. Инчунин дар ҷамоати деҳоти Истиқлол сохтмони шабкаи обтаъминкунии дохили деҳа ба дарозии қубурҳои 40 км анҷом дода шуда, 1 адад чоҳи амудии корношоям барқарор ва 1 адад чоҳи амудии нав сохта шуд-гуфт раиси ноҳия,  Сулаймонзода Акрам Раҳмин.

                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner