Суханро қудрати ҷонофарин бояд…

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Шоири халқии Тоҷикистон, падарсолори шеъри муосири тоҷик, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат дар синни   86 даргузашт. Устод Мӯъмин Қаноат, баъд аз устод Мирзо Турсунзода, яке аз шахсиятҳои шинохта ва сафири фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳон аст. Гуфтаҳои  бузургони илму адаби дохиливу хориҷӣ дар бораи устод Муъмин Қаноат:

Роберт Рождественский, шоир (Русия):

-Мӯъмин Қаноат … ба ғайри бори солҳои зиндагӣ боз бори шаҳомати кӯҳҳои барфпӯши тоҷик, рангҳои назаррабои водиҳои Тоҷикистон, бори роҳҳои дуродур, истиқболу ҳаҷр, хастагиву илҳом, ғазабу назокат, комёбӣ ва нобаробариро ба дӯши худ кашидааст.

Олжас Сулаймонов, шоир (Қазоқистон):

-Амри маъруф ин аст, ки шоир сафири сарзамини хештан аст. Шинохти шоир шинохти халқи ӯст. Вале барои халқи худ расули ҷомеаи башарӣ намояндаи тамаддуни ҷаҳонист. Агар дар байни хонандагони худ маҳбубият пайдо кунад, ҷаҳоне ки дар шеъри ӯ инъикос шудааст, ҷаҳони эшон мегардад. Чунин аст рисолати шоир…

Гоҳе ба деҳаҳои дурдасти кӯҳистон меравам ва худро муаррифӣ мекунам: ман дӯсти Қаноатам.

Доктор Алиасғари Шеърдӯст, муҳаққиқ (Эрон):

-Шеъри Мӯъмин Қаноат ҳаммонанди шахсияти ӯст, асил бо муҳаббат, орому амиқ ва ҳангоми зарурат мамлӯ аз шурӯ шавқ ва ҳамоса.

Мӯъмин Қаноат ҳамчун дигар шоирони тоҷик дарди ҳувият дорад ва ҳувияти худро дар таърихи ниёгон ҷустуҷӯ мекунад.

Ахиёр Ҳакимов, нависанда (Бошқирдистон):

-Мирзо Турсунзода таъкид мекард, ки нисбат ба адибони ҷавон ғамхор бошем, бисёр муҳим аст, ки бо ҷавонони навмашқи боистеъдод диққату таваҷҷуҳи доимӣ диҳем. «Худатон ба Мӯъмин чӣ хел ғамхорӣ мекунед?» – пурсидам ман. Анвар Олимҷонов бошад ба ҷавоб мунтазир нашуда гуфт,  ки Мӯъмин валиаҳди салтанати шеъри тоҷикист. Аз ин шӯхӣ Мирзо Турсунзода бисёр завқ карду дарҳол гуфт, ки барои «унвони салтанатӣ» қадаҳ бардоштан лозим аст.

Геннадий Средин, Бошқирдистон:

-Тамоми достони М. Қаноат лабрези пафоси олии гражданист… Достони «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат ҳодисаи намоён ва махсусест, дар назми адабиёти бародар… Ин достон бозу боз ба мо аҳамияти нотакрори таърихии қаҳрамонии бузурги халқи советиро дар солҳои мубориза ба муқобили фашизм ёдрас мекунад ва шубҳа надорам, ки дар дили хонандагон маъво хоҳад ёфт.

Виталий Коротич, нависанда (Украина, ИМА):

-Ман кайҳо боз ба эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ошно ҳастам ва ӯро дӯст медорам. Маро достони дӯсти тоҷикам ба ҳаяҷон овард ва вусъати истеъдоду масъулиятшиносиаш хурсанд кард, ки мавзӯи барои ҳар яки мо муқаддасро мавриди таъсир қарор додааст.

Е. Уманская, мунаққид (Қазоқистон):

-Дар миёни асарҳои қаторие, ки дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навишта шудаанд, достони «Сурӯши Сталингард» куллан имтиёз дорад…

Достони «Сурӯши Станлинград», ки лабрези энергияи ҳиссиёти ҷӯшон аст, аз лиҳози бандубаст симфонияро ба ёд меорад. Достон гӯё чун симфония тасниф шудааст – дар он сурӯшҳо зиндагиву амал мекунанд. Ҳар як сурӯш дар оғоз алоҳида садо дода, сипас ҳама ба сурӯши ягонаи пуровоз табдил меёбанд. Ҳар як сурӯш афзори мусиқисту ҷамъи сурӯшҳо оркестр. Ҳар як сурӯш оғӯштаи лиризми амиқ аст, ки ҳама ҳамроҳ силсилаи симфонии ҳамосии томро ба вуҷуд меоранд.

Станислав Лесневский, мунаққид (Русия):

-Достони савганди пуровоз, достони симфония, достони ораторияи Мӯъмин Қаноат бо пафоси ягонаи ватандӯстӣ, байналмилалӣ ва зиддифашистии худ қавист. Тафаккури граждании бузургдошт корномаи халқ ба достон эҳтиросоти саршор эҳдо кардааст… Ҳар як сурӯши достон чун кохи ёдгори сарбози Сталинград афрохта шудааст.

Муҳаммад Осимӣ, академик (Тоҷикистон):

-Эҷодиёти Мӯъмин Қаноатро хонандагон дӯст медоранд. Ва ин бесабаб нест, чунки моҳияти эҷодиёти ӯро ҷавоби масъалаҳои бисёр муҳими муосир ташкил медиҳад. Тамоми китобҳои ӯ ба як мақсади бузург-хизмати содиқона ба партияву халқ тобеанд. Достони «Тоҷикистон-исми ман» бо ситоиши мардони меҳнат ва шаҳомати кори онҳо имтиёз дорад, ки дар он андешаҳои шоир дар бораи роҳи паймудаи Тоҷикистон то ба дараҷаи ҷамъбасти фалсафии тантанаи сотсиализм дар гӯшаҳои вомондаи Россияи подшоҳӣ мерасад. Назми ӯ гимни махсуси корномаи меҳнатию қаҳрамонии мардуми советист.

Г. Ломидзе, адабиётшинос (Гурҷистон):

-Достони Мӯъмин Қаноат «Сурӯши Сталинград» аз лиҳози хусусиятҳои бадеияш фавқулода аст ва тасаввуроти муқаррарии моро доир ба бандубаст, яклухтию ҳамбастагии нақли эпикии достон маъно медиҳад.

Ин достон на фақат комёбии барҷаста ва чашмгири адабиёти тоҷик, балки адабиёти советии сермиллат низ ба шумор меравад.

Бозор Собир (Тоҷикистон):

Ба устод Мӯъмин Қаноат

Дар баҳри арӯз ҳам чу дар баҳри муҳит

Гӯянд, ки дар садаф шавад марворид.

То дар садафи чашми ту парварда шудем,

Чун гавҳари чашм гавҳари зинда шудем.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ (Самарқанд):

БА   ПУРИ  ДАРВОЗӢ

То хурӯси бомдодӣ сар  бидод овозро,

Боз  кард африштаҳо дарвозаи Дарвозро.

Чун даромад нури шери Осмон аз равзана,

Эй  сабо, бедор кун хоболуди ғаммозро!

Гӯ, ки дорад ҷашни Мӯъмин аҳли  Дарвоз  ин  саҳар,

Чун бидод арши баринаш рухсати оғозро!

Бо Қаноат Мӯъмин омад бар дари  ҳаштоду панҷ,

Зуҳраи  мутриб, бизан бо захма тори созро!

Сад ҳазор афришта бӯса мезанад аз чашму рӯ,

Бар  фуруд о, Муштарӣ, як сӯ  бимонда нозро!

Ҳар  яке  аз  аҳли  маънӣ  саҷда  орад  пеши  ӯ,

Ки  надида то ҳамин дам инчунин  устозро.

Уқдаи  лаъли  Бадахшон аз  сараш резад фалак,

Дода бар пури Бадахшон иззату эъҷозро.

Сад ҳазорон ояд аз ҳар кишвари порсизабон,

Эй  сабо, паҳно кушо дарвозаи Дарвозро!


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Суханро қудрати ҷонофарин бояд…

  • Вой аз адабиети бечехраи мо…. ду се нафари дигао мондаанд. Баьд ин халои маьнавиро ки пур мекарда бошад?! Каноат хам рафт…. акнун мо Бозору Лоику Каноат доштем гуфта лоф мезанем… зеро дигар НАДОРЕМ!!!!

Leave a Reply