• Эмом НАЗАРОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Суиқасд ба ҷони ҷангӣ Расул Мирзоев

Аз ҳодисаи суиқасд ба ҷони ҷангии муҳорибаҳои омехтаи Русия Расул Мирзоеви доғистонӣ беш аз 10 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, ҷинояткорон то ҳол дастгир нашудаанд.
Фақат ҳамин қадараш маълум шудааст, ки суиқасд дар арафаи Соли нав — шоми 31 декабри соли 2016 ба вуқӯъ омадааст. Се тан ҷинояткор ба хонааш зада даромада, хостанд Расулро ба қатл расонанд.
Имрӯз Расул Мирзоев дар беморхона бистарӣ буда, таҳти назорату табобати духтурон қарор дорад. Васоити ахбори омма доир ба ин ҷиноят фарзияҳои гуногунро ба қалам додааст. Аз ҷумла, хабарнигори «Московский комсомолец» Алексей Сафонов бо ақрабои Мирзоев вохӯрда, асли воқеаро кушодааст.
Ба ҷинояти мазкур санаи 19 ноябри соли рафта асос гузоштаанд. Ҳамон рӯз дар шаҳри Белфасти Ирландия мусобиқаи UFC Fight Night 99 баргузор шуд, ки дар он бо шумори дигарон Алӣ Багаутинов ва Артем Лобов – дӯст ва шарики тамрингари Конор Макгрегори машҳур ҳузур доштанд. Артём Багаутиновро хуб пазироӣ мекунад ва замоне ки Лобов ба мусобиқаи FIGHT NIGHTS 57 ба Маскав омад, Багаутинов низ хост ӯро меҳмондорӣ намояд. Азбаски чорабинӣ нисфишабӣ ба итмом мерасад, онҳо бо меҳмонашон ба клуби шабона меоянд. Дар клуб ба мизи онҳо як ҷавони доғистонии ширакайф наздик шуда, ба Артём эрод гирифт, ки Конор Макгрегор аз тарс намехоҳад бо Ҳабиб Нурмагомедов ба майдони муҳориба барояд. Алию Расул Лобовро ҳимоя карда, пеши ҷанҷолро гирифтанд. Аммо ҷанҷол аз сари нав дар даромадгоҳи клуб аланга гирифт. Мирзоев бо ҳамшаҳрии худ баҳс карду ҳамроҳи ҳамшаҳриаш бо мушт ба пушташ фаровард. Ин ба занозанӣ бо муҳофизони клуб сабаб шуд. Доғистониҳои ҳамшаҳр Мирзоевро дар латукӯби худ аз ҷониби муҳофизон гунаҳгор ҳисобида, 10 рӯз роҳашро поистанд. Ниҳоят ба онҳо муяссар гашт, ки суроғаи Расулро аз забони духтари хушдораш фаҳмида гиранд. Ҷинояткорон дили духтарро бо ваъдаи пули бисёр ёфтанд.
Шоми 31 декабр он духтар дар квартира бо Расул Мирзоев буд, ки онҳо се нафар зада даромаданд. Духтар, ки ба рӯйи онҳо дарро кушода буд, дарҳол фирор мекунад. Сенафарони бадтинат ба Расули хобрафта дарафтода, бо биттаҳои бейсбол ба сару рӯяш задан гирифтанд. Расул, ки муқобилият намуд, силоҳу занҷирро ба кор дароварданд. Якеашон хост Расулро буғӣ намояд ва дуюмӣ мезад, сеюмӣ бошад, аз силоҳи захмиовар чанд тир холӣ кард. Як тир ба қафаси сина ва дуюмаш ба ҷоғи варзишгар расид.
Пас аз ин ҷинояткорон фирор карда, ғайб заданд. Расули ба худомада ба дӯсти наздикаш занг зада, аз ҳодиса хабар расонд. Дӯсташ аз зинда мондани Мирзоев воқиф мешавад ва пулисро ҷеғ мезанад. Ҳарчанд ки ҷинояткорон телефонҳои худро хомӯш карда бошанд ҳам, онҳо ҳангоми фирор таппончаашонро гум карданд. Маҳз ҳамин таппонча барои муайян кардани шахсияти ҷинояткорон далели раднопазир мебошад.
Яке аз ҳуҷумкардагон дар Instagram ҳамеша аксҳои худашро дар даст таппонча аз клубҳои шабона мегузоштааст. Ду нафари дигар дар ду соли охир зиндагии бенизомеро ихтиёр намудаанд. Аз тақдири минбаъдаи духтари хушдори ҷангӣ ҳеҷ чиз маълум нест.
Алҳол вазъи саломатии Расул Мирзоевро муътадил меҳисобанд. Тамоми бадан ва дасту пойҳояш аз зарби латукӯб дардманд шудааст. Дар танаш захми тирҳо монда, биниаш шикастааст, манаҳаш ҷароҳат гирифтааст. Осори латукӯб дар пешониаш ва захмҳо дар сараш дида мешаванд, сутунмуҳрааш зарб хӯрдааст. Моҳҳои наздик ба гумон аст, ки Расул ба ҳаёти муътадил баргардад. Пурра барқароршавии саломатии ӯро ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад. Агар латхӯрии сахти мағзи сараш собит шавад, ин ҷангиро то ним сол аз варзиш маҳрум мекунанд.
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон».

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner