• Бахтовар Сафаров
  • 30.07.2019
  • 0

Султонзода: Нисбати Шаҳбоз парванда боз намешавад (Видео)

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби Президенти кишвар сахт интиқод шуд, ягон парванда оғоз нашудааст.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 30 июл зимни нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон арзу шикоят ворид нашудааст ва ягон тафтиш оғоз наёфтааст.

Ҳамчунин, хабарнигорон пурсиданд, ки чӣ гуна як мансабдор дар як солу ҳашт моҳ соҳиби се хона мешавад ва оё ин коррупсия нест? Аммо директори Агентӣ аз посух додан ба ин суол худдорӣ кард.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 10-уми майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар Шаҳбоз Раҷабзода, корманди баландпояи гумрукро таҳти истинтоқи шадид қарор дод.

Дар пурсуҷӯйи шадидлаҳни Президент аз Шаҳбоз Раҷабзода, маълум шуд, ки ӯ давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт кор карда, феълан соҳиби се хона ва як мошин аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расида, ба гуфтаи Президент 16 дафъа ба хориҷи кишвар сафар кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner