• Шариф ҲАМДАМОВ
  • 18.08.2019
  • 0

Тӯҳфаи Раҳимзода дар ҷашни касбии табибон

Бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон бинои нави дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи расмии бинои дармонгоҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони як қатор раёсатҳо, хадамотҳо, ҷузъу томҳо ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ ва Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД иштирок намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ аз бинои нави дармонгоҳ дидан намуда, аз сохт ва таъмири бино, шуъбаҳои қабули беморон, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои беморон, доругузаронӣ, дандонпизишкӣ, барқароркунӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, китобхона ва дигар бахшҳо шинос шуд. Ҳамчунин, вазир аз аҳволи сарбозони бо табобат фаро гирифташуда ҳамсуҳбат гардида, аз саломатӣ, хизматрасонии табибон ва шароити табобат пурсон шуд.

Тавре ки масъулини дармонгоҳ ба хабарнигори “Pressa.tj”  иттилоъ доданд,  бинои дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои ВКД аз 11 ҳуҷраи беморон, 9 утоқи корӣ, 1 толори ҷарроҳӣ ва ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, 1 ҳуҷраи захмбандӣ, 3 ҳуҷраи доругузаронӣ, 1 дорухона, 1 ҳуҷраи тамизгардонӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар ҳуҷраҳои таъиноти ёрирасон иборат мебошад.

Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ дорои тамоми шароити иҷтимоӣ ва табобат мебошад. Ин дармонгоҳ  метавонад дар як вақт ба 65 -70 нафар хизмати тиббиву  ва табобатӣ расонад.

ТАБИБ

Шукр гӯям назди мардум, чунки ман ҳастам табиб,

Бо ҳамин касби шарифам баҳрашон ҳастам ҳабиб.

Як бувад қавлу қасам, савгандамон Гиппокрит,

Баҳри мо илми шифо мерос аз Сино насиб.

Шуҳра буд ҳамчун табибе пеш Луқмони Ҳаким,

Дарди беморон ҳакимон  бас даво бахшанд аҷиб.

Мо табибони ҷаҳон бас гашта бо ҳам муттаҳид,

Ҷамъи байналмилалӣ дорем бо номи Салиб.

Бас пизишконро буда дар ҳарбмайдон имтиёз,

Дар миёни ҷанг гардида ба захмиён қариб.

Дасту қалби тоза моро, хилъати поку сафед,

Рӯзу шаб аз баҳри мардум карда хизматҳо наҷиб.

Ҳаст дармон баҳри бемор аз раҳи илму амал,

Нест дардеро даво аз ваъзи зоҳид ё хатиб.

Нӯшдору ҳозиқе мебурд агар Суҳробро,

Аз аҷал Рустам ҳамегардонд фарзандаш ақиб.

Эй Ниҳонӣ, баски мехоҳанд ганҷи солимӣ,

Душманат ояд табиб, асло нахонедаш рақиб

Ниҳонӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner