Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ (аксҳо)

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

30 октябр зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.

Аз он ҷумла:

— генерал-майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;

— полковники милитсия Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия;

— полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ;

— полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

— полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ;

— полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

— полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Шуъбаи№2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

— подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

— полковники милитсия Зубайзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;

— полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахш;

— полковники милитсия Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»;

— полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;

— полполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;

— подполковники милитсия Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;

— подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ;

— подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;

— полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.