Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақдири мардум ва пешвои миллат

Дар ҳақиқат тағйири тақдири миллат ба дасти худи миллат аст.

Миллати тоҷик дар оғози соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат тақдири худро ба даст гирифт ва инак мо соҳиби давлати ободу озодем.

Мо шоҳиди саргузашти начандон дури хеш ва давлати ҳамсоя мардуми афғон,  Ироқ, Ливия, Сурия, ки то ҳол мардумаш аз васвасаи баъзе ашхоси аз сиёсат дуру аз хирад бенасиб ба чӣ рӯзҳо гирифтор шудаанд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба худ сарвари арзанда доранд ва ба ҳар гуна ашхоси иғвогар гӯш наандохта, дар пайи зиндагии осудаи хешанд. Афрод ва  якчанд гурӯҳҳое, ки зодаи ҳамин Ватан ва модар ҳастанду аз обу хоки ин сарзамин ба воя расидаанд, баъди ба балоғат расидану мустақил гардидан на ҳаққи фарзандии ин Ватан ва на ҳаққи шаҳрвандии онро ба ҷо оварданд. Ба ҷои оне, ки баҳри ободонии ин хонаи муқаддас барои мо–тоҷикон хизмат кунанд, ин зархаридон ба хоҷагоне, ки пулу моли дунёро ба онҳо тақдим мекунад, ба ҳама кор тайёр ҳастанд.

Шахсони зикршуда вазъи сиёсии кунунии ҷаҳонро ба эътибор гирифта, андеша ронданашон лозим мебошад, ки аз ҷумла, ҳамсояи ба мо наздик Афғонистон,  солҳои тулони то имрўз сулҳу субботро ба даст наовардааст ва он дар кадом ҳолат қарор дорад? 

Ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Пас аз хотима ёфтани ҷанги бародаркуш, барқароршавии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон марҳилаи созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид.

 Ободиҳое, ки имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон шуда истодааст, дар 70-соли  шӯравӣ ингуна ободӣ набуд. Давлати тоҷикон дар замоне ба Эмомалӣ Раҳмон расид, ки ҳокимият ба кулли фалаҷ буд ва касе кафолати бехатарӣ ё оромии ҷомеаро дода наметавонист, зеро ки силоҳ дар дасти мардуми роҳгумзада буд. Хушбахтии ин миллат буд, ки  ин марди хирад ба сари қудрат омаду роҳнамоӣ мардуми хеш гашт. Агар курназаре аз ин ободиҳо дида нагирад ё бехираде миллати хешро паст занад ё мансабдоре манфиати хешро аз манфиати давлат боло гузорад, гунаҳкор кардани миллати тоҷик ё давлати тоҷикон ин аз руйи хирад нест.

Таибов С.А.,

Турсунова З.Г.,

Кормандони шӯъбаи иттилооти ДДТТ ба номи Абуалӣ Сино,

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.