Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷлили 400-солагии Сайидои Насафӣ дар Донишгоҳи миллӣ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 400-солагии шоири тавонои асри 17 Миробид Сайидои Насафӣ Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ таҳти унвони “Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик” баргузор гардид.

15 октябр, конфронсро ректори донишгоҳ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода бо сухани ифтитоҳии хеш оғоз намуда таҷлили мутантани мавлуди Сайидои Насафиро натиҷаи талошҳои ҳукумати кишвар арзёбӣ кард.

Доктор Сайид Махсуми Бадахш, кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Бадриддин Мақсудов, устоди Донишгоҳи миллӣ, Абдуҷамол Ҳасанзода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров перомуни паҳлӯҳои эҷодӣ ва хусусиятҳои ашъори Миробид Саййидои Насафӣ маърӯза намуданд.

Ҳамчунин, дар кори конфронс намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомотҳо низ иштирок доштанд.

“Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ ду рӯз идома ёфта, беҳтарин маърӯзаҳо дар маҷмӯаи дастаҷамъӣ нашр хоҳанд шуд” – иттилоъ доданд созмондиҳандагони ҳамоиш.

Амони Муҳаммад,  донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.