• Mardon
  • 06.09.2019
  • 0

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар рӯзҳои ид

Дар иртибот ба 28-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар чораҳои амниятиро тақвият додаанд.

Дар назар аст аз 7 то 13 сентябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ ташдид шуда, маҳали таҷаммӯи сокинон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ посбонӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр ҷашни истиқлол дар саросари кишвар ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад.

Интизор меравад дар рӯзҳои ҷашнӣ агрегати дуюми Неругоҳи  барқи обии Роғун расман ба кор дарояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner