• Бахтовар Сафаров
  • 15.04.2019
  • 1

Табдили алифбо ва устод Айнӣ

Ба ифтихори  зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ

Ҳар ҳарфе, ки нисбат ба устод Садриддин Айнӣ гуфта мешавад, бешак, ба ин миллату халқи куҳанбунёд дахл дорад. Аз ин сабаб, ин бор қарор додам хомӯш нанишинам.

Аз забони як гурӯҳ мардуми ноогоҳ ва ҳатто аз забони бархе аз рӯзноманигорону нафарони соҳибмаълумот шунидани суханҳои подарҳавое, монанди «Хати форсиро Айнӣ аз байн бурд», «Хати лотиниро Айнӣ ҷорӣ карда», диламро чун паланги гушна мехарошанд. Аз ин нафарони ғафлатзада бипурсед, ки аз чандин ҷилд осори устод Айнӣ кадом ҷилдашро пурра хондаанд, забон мехоянд, сурху сафед мешаванд. Шояд ботинан ба ғафлати худ иқрор шаванд, аммо аз аспи ҷаҳолат намефароянд.

Дар мавриди тағйирёбии расмулхат ба мақолаҳои алоҳидаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, Толиб Ваҳҳобов, Худойназар Асозода, Муҳаммадюсуф Имомов муроҷиат кардем, бо чанде аз айнишиносон, монанди Ҷумъабой Азизқулов ва Абдухолиқ Набавӣ суҳбатҳо доштем. Онҳо ҳамагӣ тасдиқ мекунанд, ки дар табдили хат дар солҳои 1929 ва 1940 Садриддин Айнӣ нақше надорад ва бо тақозои сиёсати давр ӯро мебоист қарорҳои дар Маскав қабулшударо бипазирад. «Дар мавриди мақоми устод Айнӣ оид ба табдили алифбо ҳамин нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки агар устод мехост ҳам, аз уҳдаи ин амал баромада наметавонист»,- навиштани Абдухолиқ Набавӣ дар китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» сухани моро қувват мебахшад.

Дувум ин ки сиёсати тағйири алифбо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёри кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараён дошт. Бино ба қавли донишманди нуктасанҷи тоҷик Ҷумъабой Азизқулов, агар таърихи давлатдории шӯравии дигар халқу миллатҳоро дуруст омӯзем, рӯшан мешавад, ки расмулхати онҳо низ иваз шудааст. Ин ҳодиса танҳо хоси Тоҷикистони шӯравӣ набуд.

Дар он замони ҳассос, ки хурдтарин иқдоми «ноҷо» боиси навис-навису арзу шикояти пантуркистон ва душманони дигари миллат мегардид, алорағми сиёсати давр сар бардоштани тоҷикон маънии зери хатар гузоштани ҳастии халқу миллат ва воҳиди ҷуғрофии Тоҷикистони шӯравиро дошт, ки бо машаққат ба даст омада буданд. Дар чунин вазъ зиракии сиёсии устод Айнӣ кор додааст. Адабиётшинос Худойназар Асозода дар мақолаи «Сиёсат, воқеият ва устод Айнӣ» низ ба сиёсатдонии ин абармард ишора карда навиштааст: «Устод Айнӣ бо истифодаи дурусти сиёсат тавонист, ки зинаҳои душвори зиндагиро боло шавад ва худро баҳри дифои миллату давлати нави тоҷик нигоҳ дорад ва ба тарҷумаи ҳолаш доғе нагузорад. Ҳол он ки адибони  болаёқате буданд, ки воқеият ва сиёсатро дуруст кашф карда натавонистанд ва ба ҷони худ ва эҷоди худ зарари маънавию ҷонӣ ворид сохтанд».

Устод Айнӣ ҳамчун сиёсатмадори нуктасанҷ, эҳтиёткор ва дурандеш хуб медонист, ки ба сиёсат хилоф рафтани адиб оқибати ногуворе дорад ва бо номҳои мустаору рамзӣ мақолаҳо навишта кӯшиши исботи ҳастии миллат ва забону фарҳанги тоҷик мекунад.

Аз аксари мақолаҳои устод Айнӣ пайдост, ки ӯ сиёсати тоҷикпарастии худро ҳамеша ба сиёсати Ҳукумати шӯравӣ созиш дода тавонистааст ва дар ягон матлабаш бӯи маҳалгароӣ, миллатчигӣ ва ё бартариятҷӯӣ нест. Аммо бо вуҷуди ин, душманон ҳамоно ба бадном ва несту нобуд кардани ӯ мекӯшиданд. Пас аз мухторияти Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон низ устод Айнӣ «оҳани тофтаро дар гармогармияш» кӯфт. Ӯ ҳамчун шахси хирадманд ва дурбин эҳсос мекард, ки агар ҳамин ҳоло ба давлати алоҳида шудани Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ надиҳанд, баъдан дер мешавад. Аз ин сабаб, баҳори соли 1925 ба навиштани тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохт ва дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонд, ки он соли 1926 дар Нашриёти марказии халқҳои шӯравӣ рӯи чопро дид. Дар чунин нашриёти бонуфузи давлатӣ ба чоп расидани китоби ӯ, ки номвожаи тоҷик зеби он буд, Айниро неруи дучанди муқовимат бахшид ва хитоб кард: «Ана ин асар – «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо муҳри хамӯшӣ зад».

Албатта, соли 1929 аз алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 аз лотинӣ ба ҳуруфи кириллӣ гузаштани Тоҷикистон, устод Айниро нороҳат мекард. Ба қавли Худойназар Асозода ӯ «ин табаддулотро бемантиқ ва бар зарари арзишҳои адабиву фарҳангии миллат медонист», вале барои бо сиёсати давр дар созиш будан, мушкил будани хати арабиасосро таъкид дошта, бад-ин восита манфиатҳои аз ин ҳам муҳимтари миллату давлати тоҷикро дифоъ кардааст. Бино ба гуфтаи адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ, «Устод на танҳо дар сиёсату фарҳанг, балки дар навиштани асарҳояш низ эҳтиёткориро шарти муҳим меҳисобид. Ӯ ҳатто баъзе калимаву терминҳои русӣ — интернатсионалистиро қасдан дар навиштаҳояш истифода мебурд, баъзе мавридҳо иҷборан содабаёнӣ мекард, ки зери шубҳаи идораҳои дахлдор намонда, корҳои бузургтари дигарашро роҳат анҷом диҳад». Мисоли чунин «беэҳтиётӣ» дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ мушоҳида мешавад, ки устод ҷабри сиёсиашро кашида буд… 

«Ба назар чунин мерасад, ки барои баъзе аз афрод як ҳақиқати бебаҳсро бояд, ки такрор ба такрор гӯшрас намоӣ, то зеҳни эшон аз ин ифроту тафрити андеша пок шавад…»,- гуфтани Абдухолиқ Набавӣ ба руҷӯи дубораи мо ба мавзӯи мазкур сабаб шуд ва бори дигар ба тасдиқи ҳақиқати ҳол камар бастем. Зеро «Имрӯз Садриддин Айниро дар амалӣ шудани барҳамдиҳии алифбои ниёкон маломат кардан беадолатӣ нисбат ба ин шахсияти нотакрори миллат аст. Офарин ба устод Айнӣ бояд гуфт, ки ба ҳама набардҳои сиёсӣ тоқат овард ва «барои як кайк шуда пӯстинро насӯзонд», балки барои миллаташ хидмат кард, адабиёту фарҳангашро олимонаву содиқона инкишоф дод». 

Дар илми фалсафа ҳам қонуни инкори  инкор ҳаст. Мувофиқи ин қонун, инкори ин ё он ҳодиса ва ё шахсият набояд кушанда, балки бояд инкишофдиҳанда ва таҳрикбахшанда бошад. Инкор бояд чунон сурат гирад, ки беҳтарин падидаҳои инкоршаванда барои беҳбуди ояндаи тасдиқшаванда хизмат кунад, вагарна он инкор инкори бемантиқ хоҳад буд. Аз ин рӯ, пеш аз баҳо додан ба ҳаводиси гузашта ва осору зиндагиномаи гузаштагон огоҳии комилу хушбинӣ зарур аст. Агар кас донад, ки аз дасти ҷаллодони амир 75 чӯб хӯрдан чӣ ранҷу азияте дорад; агар кас донад, ки соли  1937-1938 аз сиёсати пурфишору пуртаҳдид ва сиёҳ карданҳои як зумра сиёсатмаобони давлати шӯравӣ душманони устод истифода бурда, ӯро бадном ва китобҳояшро аз чопу фурӯш боз доштанд ва ҳатто баъди фишорҳои рӯҳӣ адиб навмедона ба Лоҳутӣ навишта буд, ки «…агар бо ҳамаи кӯшишҳо кори ман бад шавад, ба бачагони ман монанди як каси доғдор нигоҳ накунед»; агар кас донад, ки ҳаёти ӯ ҳамеша зери хатар қарор дошта, гоҳ дар Самарқанд ва гоҳ дар Тошканд паноҳ бурдааст; агар кас навиштаҳои ӯро мӯшикофона ба риштаи пажӯҳиш кашад, ба инкори хизматҳои бедареғи Аллома Айнӣ намешитобад, зеро маҳз хидматҳои устод Айнӣ ва  ҳамфикрони ӯ буданд, ки як миллати бузург аз «сиёҳу сафед»-и гузаштаи худ огоҳ шуда, роҳи ояндаашро мунаввар кард.

Бузургмеҳри Баҳодур,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Абдулло Саидзода:

    Агар воқеъбинона ба расмулхат ва ё ҳарфҳо назар кунед, то фаҳмидан мумкин аст, ки он танҳо тарзи ифодаи забон аст. Ҳарфҳои форсии арабиасос тақрибан 1250 сол пеш ба ниёкони мо омадаанд. Аз ин пеш мо боз ҳарфҳои дигар доштем. Агар расмулхати гузаштагонамон муҳим бошад, пас бояд боз ҳам амиқтар равем. Вале, фикр намекунам, ки ин муҳим аст. Сарфи назар аз ҳарфҳо мо аз дарёи пуртуғёни таърих тавонистем забон ва ҳуввиятамонро гум накарда бароем, ба илму фарҳанги муосир тавассути ҳарфҳои кириллӣ ҳамқадам бошем. Донандагони расмулхати форсӣ ва забони арабӣ хуб мефаҳманд, ки то чӣ андоза навиштан ба ин ҳуруф нисбат ба кириллӣ мушкил аст. Барои ба форсӣ дуруст навиштан бояд ҳарфҳои калимаҳои аз арабӣ иқтибосшударо, ки дар забони тоҷикӣ бисёранд, аз ёд донӣ. Ин калимаҳо бо 3 ҳарфи «С», 4 ҳарфи «З», 2 ҳарфи «Т», 2 ҳарфи «Ҳ», аломати Ъ бо ҳарфҳои ع أ ء ؤ навишта мешаванд. Бинобар ин, барои пурра босаводона навиштан бояд тарзи навишти ҳазорҳо калимаҳоро ҳифз кард. Лекин барои босаводона навиштан ба ҳарфҳои кириллӣ он қадар заҳмати зиёд кашидан лозим намеояд. Ин буд, ки пас аз қабули ҳарфҳои кириллӣ мардуми шӯравӣ тезтар босавод шуда буданд. Мо бояд роҳи илмомӯзиро боз ҳам осонтар кунем, на ин ки душвортар. Имрӯзҳо дар кишварҳои истифодабарандаи ҳарфҳои форсӣ ва арабӣ сатҳи саводнокии мардум нисбат ба мо поин аст, афроди хондаю навишта наметавонистагӣ бисёранд, шахсони босаводашон ҳам ба хатогиҳо роҳ медиҳанд.
    Касе, ки даъво дорад ба расмулхати форсии арабиасос баргардем, чӣ мегирад? Чизҳои гузаштаро мехонад. Ҳол он ки бо ҳарфҳои кириллӣ мо аз тариқи русҳо метавонем дастовардҳои илмии замонавиро биомӯзем. Кадом кишвари истифодабарандаи ҳарфҳои форсӣ ва арабӣ дар илм бо русҳо рақобат карда метавонад? Ягонтоаш.
    Бо таҳрики чунин фикрҳо «хайрхоҳони» хориҷӣ қасдан ва кутоҳандешони худӣ нафаҳмида ба мо зарар расониданӣ ҳастанд.
    Ҳар кас, ки мехоҳад аз осори ниёконамон баҳраманд гардад, марҳамат, озодона расмулхати форсиро омӯхта аз пайи мутолиа шавад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner