• Бахтовар Сафаров
  • 14.03.2019
  • 0

Таклифи никоҳро рад кардаму бехона шудам…

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён

Дунё баъзан барои инсон як муаммоҳое пеш меорад, ки  кас дар ҳалли он мушкилӣ мекашад. Худованд ба ман бахти бузурге надод. Се фарзанд дорам, ки дутояш маъюби гурӯҳи  дуюм мебошанд ва ягона духтарам ҳам бева аст. Аммо ҳайрати ман дар он аст, ки баъзан мардони “худобохабар” намоз мехонанду боз мехоҳанд моли ягон беваю маъюбро соҳибӣ кунанд. Куҷои ин мусулмонист?

Ман бо раҳматии шавҳарам аз соли 1978 дар шаҳраки Ғарм, собиқ кӯчаи Ленин зиндагӣ мекардем ва соҳиби се фарзанд шудем. Минбаъд бо Қарори Совети вазирони Тоҷикистон, соли 1988 хонаи мо хусусӣ гардонида шуд. Пас аз он, ки аз шавҳарам ҷудо шудам,  ман бо ду фарзанди маъюбам  ва духтарам дар он ҷо зиндагӣ мекардем. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ,  ки китобдори китобхона будам, таъминоти рӯзгор барои ману фарзандони маъюбам душвор шуд. Ҳамарӯза террористони гурӯҳи Алии Бедакӣ таҳдид мекарданд, ки  хонаатро бо мо медиҳӣ, аммо намехостам, ки фарзандонам бехона шаванд. Дар ин миён як нафар аз сокинони деҳаи Бедак бо номи Хуҷа Ташрифов ваъда кард, ки туро аз  таҳдиди онҳо халос мекунам, агар ба никоҳи ман дароӣ ва дар хонаат муваққатан фарзанди моро бо оилааш ҷой диҳӣ. Таклифи никоҳро рад кардам, аммо чун  барои ёфтани нони фарзандон бояд ба пойтахт меомадам, маҷбур шудам ҳуҷҷатҳои хонаро ба ӯ диҳам ва барои нигоҳубини хона иҷозати дар хонаам зистани писарашро ҳам диҳам. Ӯ он вақт танҳо 450 рубли русӣ ҳамчун роҳкиро дода буд.

Гумон доштам, ки ҳар вақте хоҳам, ҳамроҳи фарзандонам ба хонаам бармегардам. Аммо маълум шуд, ки писари Хуҷа-Ғолибҷон бо кадом роҳе хонаро аз худ намуда ва онро ба номи  худ кардааст. Ӯ моҳи маи соли 2017 телефонӣ аз ман хоҳиш намуд,ки бо ӯ шартномаи хариду фурӯш кунам, вале ман розӣ нашуда будам. Намедонам дар кадом асос сохторҳои бақайдгирӣ хонаро ба ба номи писари Хуҷа кардаанд. Гузашта аз ин, вақте ки ба суд муроҷиат намудам, суди ноҳияи Ғарм тарафи ғосибони хонаро гирифт. Ҳол он ки ман на забонхат додаам, на шартнома кардаам ва на дар ин бора бо раҳматии падари ин писарон додугирифт кардаам. Танҳо гуфтам, ки дар хона шинеду онро дар ҳолати хуб нигоҳ доред. Аз куҷо медонистам, ки моли ҳалоли худро бо ду даст ба онҳо медиҳаму имрӯз бо ду фарзанди маъюб иҷоранишинӣ мекунам? Акнун ҳама умедам ба ҳуқуқдонҳои асил, ки маро аз ин бало наҷот диҳанд…

Савлат Муродова,

сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner