Таъсиррасониҳо ба афкор ва ташаккули шахсият

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

                                   «Ҳеҷ кас тасодуфан инсони нек нагаштааст».  Афлотун

      (Дар ҳошияи мақолаи « Иммануил  Кант ва ташаккули шахсият» — и доктори улуми сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов)

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

         Ҳар  боре нигоштаҳои сиёсиву фалсафии доктори улуми сиёсӣ, як тан инсони шариф ва олими нуқтасанҷ муҳтарам Саймумин Ятимовро мутолеа намоям, ҳамон замон дар вуҷуди ман ҳиссиёти ифтихор аз ҳаммиллат будан ва расогии ақлу фитрат, дарки дурбинонаи ҷаҳонбинии ин марди наҷиб маро водор месозад, боз ҳам қалам бар даст, мавриди андеша қарор гирам. Ва ҳар боре чакидаҳои ҷадиди устодро мавриди шинохти одаму олам, осудагиву амният, ифтихори милливу садоқат ба арзишҳо ва бақову якпорчагии кишвари азиз боифтихор қабул медорам, бори дигар талошҳои ҷадидан бо меҳри беҳамто қувваи амалии хешро тавассути фазилатҳое рӯи кор овардаи ин олими фозил ки маънӣ бо мақсад на танҳо ҳамоҳанг, балки мутантан моро сӯи ватанхоҳиву ободӣ ва ҳифзи истиқлол ва раванди бомароми давлату миллат мебарад, мехоҳам  изҳори ташаккур ва сипоси самимӣ намоям. Зеро навиштаҳои ин марди наҷибу шариф маҳз ба амнияту субот, оромиву осудагӣ ва шинохти шахсият дар заминаҳои рушди идеалогияи миллӣ ва ҳамзистии осоиштаву бақои давлат равона гардидаанд. Ва ҳар мавзӯе, ки устод менависанд, бешак таҳлилу баррасиҳои амиқи илмиву назариявиро доро буда, ҳолати воқеӣ ва авзои имрӯзаро  нозукбинонаву мӯшикофона аз худ намуда, онро  барои даҳсолаҳо бо  назарбинии мукаммал мавриди омӯзиш таҳқиқ ва худогоҳии бошандагони ҷомеа равона менамояд.Муҳимияти баён ва шартҳои масъалагузории муаллиф дар  он зуҳур меёбад, ки  муҳаққиқ дақиқбинона робитаи ногусастании мантиқии назарияҳои дирӯзу имрӯз ва фардоро дар ҳамбастагӣ ба нафъи бошандагони ҷомеа ба қалам дода, сидқан ва бомаром онро аз лиҳози илмӣ асоснок намуда, мавриди қабули ҳамагон қарор медиҳад. Мақолаи «Иммануил  Кант ва ташккули  шахсият»-и Саймумин  Ятимов  давоми мантиқии мақсадҳои  наҷиби пешгузоштаи муаллиф мавриди  масоили навбатии ташаккули шахсият, ҳамчун вазифа ва мақсадҳои аслии инсоният дар заминаи қонуниятҳои асосёфтаи ҷомеаи солим мавриди инкишоф дар марҳилаҳои гуногун ва васоитҳои рангоранги таъсиррасон ба шахсият  таркиб ёфта, барои пуррагии маъниву мақсад ва баёни жарфтари ин масъла рӯ ба эҷоди муттафакири бузурги олмон Иммануел Кант овардааст. Муваффаққияти мақсадмандонаи муаллиф  мавриди масълагузорӣ ва назарияҳо дар заминаи тақвият ва асоснокӣ такя ба андешаҳои ҷолиби тарбиявию  ахлоқии намояндагони барҷастаи илму адаби тоҷик, аз қабили ашори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Абӯалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо, Айнӣ ва Турсунзода  рӯ оварданашон танҳо  ба мақсади боз ҳам пурраву асоснок намудани максадҳо нигаронида шуда, исбот месозанд, ки мушкилотҳои ташаккули шахсият дар асоси пешниҳодҳои дақиқу санҷидаи муттафакирони олам  метавон бо мулоҳизаву таъсиррасониҳои муфид онро ба нафъи шахсият ва тамоми бошандагони ҷомеа ҳаллу фасл намуд.                                                                                                             Муаллиф мавриди омӯзишу масъалагузориҳо  дар ин ақида аст, ки зимни тарбияи инсон нақши оила, мактаб ва ҷомеа калидӣ буда, танҳо дар ҳамбастагиҳо мо метавонем, мушкилотҳоро сарбаландона рафъ намоем. Одамият муҳимтарин мавҷудоти  бошууронаи биологӣ буда, сохтани он ҳамчун инсони дорои тафаккури олию фаъол аз муҳимтарин вазифаи давлат ва аҳли ҷомеа ҳисоб меравад. Инсон ба маънии томаш ҳамонест, ки дар муносибат, муошират, рафтору гуфтор, амалу кирдор ба касе ва ба чизе зиён намеоварад. Дар баробари ин, сабру ҳалимӣ, бахшандагӣ, олиҳиматӣ, хушбаёнӣ, дурандешӣ, ростгӯӣ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, накуаҳдӣ, фурӯтанӣ ва ғайраҳо аз беҳтарин нишонаҳои одамист, ки аз олами вӯҳуш инсониятро ҷудо месозад. Ба қавли Румӣ, ташаккул ва пайдо намудани инсони комил боз ҳам аз инсонҳо вобастагӣ дошта, аз деву дад малул инсон ҷустан танҳо мавриди орзу, ҳануз аввали кор аст. Амалӣ шудани нияту орзуҳо аз ҳамагон сайъю талош ва самаранокии меҳнатро талаб менамояд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз муаллиф С.Ятимов ба нигоштаҳои И.Кант  мавриди идеяи сохтани инсон  рӯ оварда мефармоянд; «Ҷои шубҳа нест, вақте чунин мақсадгузорӣ ҳаст, субъекти  масъул эътиқодманд  аст, ки объекти таъсир (инсон) айни замон комил нест. Ниёз ба барномарезӣ, таваҷҷуҳ ва парасторӣ дорад. Ба таври дигар, аз ибтидо то интиҳо- ба дастории мақсад заҳмати зиёдро тақозо менамояд.

Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ наметавон масълаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст,  яъне давлат дар назар дошта мешавад.Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия- пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад».

Муаллиф ҳамаҷониба тамоми масъалаҳои ҷойдоштаи ҷомеаро дуруст дарк намуда, сабабу васоитҳои таъсиррасонро, аз қабили «алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, воқеияти ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, саҳнаи ҳаёт, қонуният ва равандҳои хоси» ҷойдоштаро  бо муҳимият иброз намуда, такя ба таъкидҳои И.Кант менамояд; «Мақсад – ҳама вақт мавзӯи майл, шавқ, рағбат ва машғулият аст. Он мустақиман, тавассути амал ба даст овардани чизеро дар назар дорад.Ҳаммонанди қонун(фармонравоӣ ва таъмини амал- С.Я.) зарур аст, эҳтиром дошта бошад.»(И.Кант.Дин фақат дар доираи ақл.-М..;1980.-С.31).

Маънии пешниҳод дар ҷавҳари фаъолияти инсон мавриди муносибату  муошират ва дигар омилҳои таъсиррасон дар заминаи чигунагии рафтор боз ҳам ба худи инсон вобастагӣ дорад. Яъне, мо одамон метавонем фарзандҳоямонро дар роҳи дурӯсту пурарзиш фаъолиятнок ба нафъи ҷоме ва бошандагони он тарбият намоем ва ё баръакс аз онҳо роҳзану қотил ва мардумозорҳоро ба воя расонем. Иҷрои ин кор аз чигунагии мақсаду маром ва доштани масъулияти мо вобастагӣ дошта, ояндаи корҳои нек ва ё зишт аз фаъолият ва даррки бошууронаи мо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, масъулият ба зиммаи мост. Аз амалҳои бунёдсозона ва дарки ҳамаҷонибаи тамоми равандҳои зиндагӣ, ояндаи нек, осудагӣ ва бақои ҷомеаи солим сахт вобастагӣ дорад. Маҳз аз ҳамин хотир муаллиф  ба ақидаи инсонгароёнаи И.Кант такя намуда, мавқеъ ва нуқтаи назари файласуфи олмониро пурра дастгирӣ менамояд; «Инсон ягона мавҷудест, ки воқеият ва зарурияти тарбияи ҳатмии ӯ аз муҳимтарин амал маҳсуб мегардад.Зери маънои тарбия, мо парасторӣ (нигоҳдорӣ, дастпарварӣ – С.Я.), интизом (истодагарӣ, тобу тоқат, тамкин, худдорӣ, таъмини амали муайяншуда – С.Я.) омӯзиш, ҳамзамон маърифатнок карданро дар назар дорем» (И.Кант.О педагогике. –М.; 1980. –С. 445). Одамизод аз бози таваллуд гаштан ниёз ба хӯрди хӯрок, нӯшидан, аз сардиву гармиҳо эмин нигоҳ доштан, пӯшидани либос, истироҳат намудан, шунидани мусиқӣ, машғул шудан ба коре ва амсоли ин ниёзманд аст, ба тарбия ва таълим ва рушди ҳамаҷонибаи инсонгароёна.Ба ақидаи А.Макаренко; «Тарбия эҳтиром кардани кӯдак, инчунин ба ӯ боварӣ доштан ва дар айни ҳол нисбат ба вай серталаб буданро талаб мекунад». Дар ин росто нақши инсон дар тарбияи шахс бисёр бузург буда, танҳо интихоби роҳи дурусту маърифатхоҳона низ дар  дасти одамҳост.А гар мақсадмандона сайъ намоянд ба манзили умеду орӯуҳои нек мерасанд.Ва агар таъсиррасони ба мафкураву ҷаҳонбинии эшон ғаразноку ғайри инсонӣ бошад, пас «ҷав кошта, интизори дарави гандум»  намешавем. Бинобар ин, бо пешниҳод ва таъкидҳои муаллиф дар заминаи таҷрибаҳои ҳаёти ҷаҳонӣ, инсон ба ғамхорӣ, нигоҳубин ва тарбият ниёз дорад. Дар ин замина иқтибос аз нигоштаҳои И.Кант ҷолибу саривақтист;«Зери маънии «ғамхорӣ» кӯшиш ва заҳмати падару модар дар назар дошта мешавад, ки  фарзанд натавонад қувва ва имконоти худро истифода намояд».                                                                                                                                              Муаллиф дар қисмати «мавқеи шахс дар тарбия» усули қиёсро дар баррасии масъалаи  рӯзмарра ва печ дар печи ҳаёти гузаштаву имрӯза  устокорона пайваставу  истифода намуда, хонандаро ба  умқи ҳаводисҳо туфайли фикрнамуданҳо  роҳандозӣ  менамояд. Муҳтарам С.Ятимов дар таҳлилу баррасиҳо  дилсӯзонаву меҳрубонона ба ҳар як сабабу натиҷа аз нуқтаи назари илмӣ ворид гардида, баъдан бо овардани мисолҳои мушаххасу матракдор аз ҳаёти воқеии таърихии наслҳо, ҳамагонро мавриди хулосанамуданҳо роҳандозӣ менамояд.Омӯзиш ва муайян намудани мақсаду мароми файласуфи олмонӣ И.Кант дар нигоштаҳои муаллиф ҳамоҳангӣ ва ҳамфикриро дар заминаи ташаккули шахсият ба миён овардааст. «Мантиқи аслии талаботи файласуфи бузург масълаи мураббӣ, муаллим ва тарбиятгар аст. Устодро И.Кант меъмори бузурги қасри манзалати маънавии инсон мешумурад»,- гуфтани муаллиф бесабаб нест.Зеро бо гуфтаи Арасту; «Омӯзгорон аз волидон бартарӣ доранд; волидон ба мо танҳо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон ҳаёти хушбахтона», исботи фикри болост. Дар ин замина бисёр муҳим   аст, ки тарбияи фарзандон дар ихтиёр ва кадом шарту шароит қарор гирифтаанд.Имрӯз собит гаштааст, ки мавриди таъсиррасониҳои мухталиф ва мақсаднок инсонро метавон молик  ба махлуқи бе ҳис ва «офарандаи» даҳшатноктарин амалҳо  табдил дод. Дар ин маврид муаллиф бо ёдоварӣ аз фоҷеабортарин кирдорҳои асримиёнагӣ, аз қабили куштори падар аз дасти писар ва намоишкорона қатл намудани як тан модар аз дасти писар дар даврони мо, ҳамагонро ба дарки бошууронаи мушкилотҳо, фоҷеаҳову дардҳо ва маризиҳои ҷомеа мутаваҷҷеҳ  менамояд; «Сари Мирзо Улуғбеки 56 — соларо, 27-уми октябри соли 1449 дар Самарқанд, ҳангоми адои намоз фарзандаш Абдулатиф ваҳшиёна бо ханҷар аз тан ҷудо кардааст. Ҳисси таассуби динӣ бар қотил аз меҳри фарзандӣ, муносибати эҳтиромона ба яке аз бузургтарин олимони риёзидон, ситорашинос, ки дар қатори шаш донишманди сатҳи ҷаҳонӣ дар Аврупо эътироф гаштааст, шахсияте, ки зиёда аз 40 сол амири Мовароунаҳр буд, ғолиб омадааст». Муаллиф  куштори падарро аз тарафи писар бесабаб  ёдовар нагардидааст. Ин фоҷеа дар ҷои холӣ сари эҳсосот ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи таъсири мухолифатҳо ва  роҳандозӣ гардонидани   мақсадҳое буданд, ки маҳз инсонҳо тавассути таъсиррасонӣ ва мағзшӯиҳо барои асоснокнамоии қатли падар бар писар  аз муллоҳои замон фатвои хаттӣ низ гирифта, писарро оғӯштаи шӯру ғавғо дар сар «ҳавою ҳаваси қаҳрамонӣ», интизори ҷои мувофиқ баҳри ба сомон додани мудҳиштарин кирдор, омода ва роҳандозӣ намуданд. Вобаста ба ин муаллиф таъкид менамояд, ки; «… амали манҳуси ҷинояткорона на дар ҳолати саросемагӣ, ҳиссиёт, қаҳру ғазаб (аффект), балки мақсаднок, бошуурона роҳандозӣ гаштааст». Маҳз ба ҳамин хотир, И.Кант таъкид кардааст; «Тарбиядидаи бадахлоқ, шахсияти бадахлоқро тарбия мекунад». Дар шароти имрӯза хатарҳои таъсиррасони ба мафкураву ҷаҳонбинии омма дар авҷи афзоиш қарор дошта, вобаста ба тараққиёти воситаҳои каммуникатсионӣ аз қабили ситемаи алоқа ва интернет  суиистифода  намудани  гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва террористӣ  на танҳо вазъи кунунии давлатҳои алоҳида, балки дар маҷмӯъ ба тамоми олам таъсири манфӣ расонида, нигоҳ ва таваҷҷуҳи ҷавоноро ба косташавии фитрат ва ақли инфиродии инсонӣ дар кризиси фанатизм нигоҳ ва роҳандозӣ намудаистодаанд. Иттилооти махсуси паҳннамудаи дастандаркорони собиқ «Давлати исломӣ» дар шахри Раққаи Сурия мавриди куштори ваҳшиёнаи модар аз ҷониби фарзанди хеш, ҷаҳонро ба ларза оварда буд. Мақсад аз куштор пайравӣ намудани дигарон ва ҷалби мақсадмандон аз  «қаҳрамониҳо» дар нисбати мафкурра ва роҳандозиҳои динӣ ба размандагони ин ҳаракат буд.Ин охири кор нест. Такя ба манбаҳои иттилоотӣ дар Сурия зиёда аз 12 ҳазор кӯдакон танҳо дар натиҷаи амалиётҳои террористӣ ба ҳалокат расонида, 7 миллиону 600 ҳазор нафар дар муҳоҷират қарор доранд.Шумораи қурбоншудагон дар ин кишвар  ба 460 ҳазор нафар расидааст. Асоси муноқишаҳои доманадори террористиву экстремистиро ихтилофҳои диниву мазҳабӣ ташкил дода, дар ин замина гумроҳсозии ҷомеа ва ба коми ҷанг кашидан бо ҷалб ва шомилшавии ҷавонон ба гӯруҳҳои тундгарои ифротӣ мақсад ва ҳадафи асосии манфиатҷӯён мебошад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мо маърифати диниро баланд намуда, дар зеҳни наврасону ҷавонон моҳиятҳои муносибатҳоро дар заминаи ахлоқ роҳандозӣ намоем. Таърих равшану возеҳ собит намудааст, ки  барои манфиатхоҳон муқаддасотҳо,  аз  қабили модар, ватан, миллат, давлат ҳеҷ арзише надошта, мақсаду мароми онҳо ба ҷуз дастурҳои садрнишинон дигар чизе нест. Агар ҳамин намебуд, на танҳо дар арсаи ҷаҳон, балки дар кишвари мо низ шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, аз  қабили  Осимӣ, Исоқӣ, Латифӣ, Олимпур, Шерализода, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Назаршоев ва чандин нафарони дигар аз тарафи намояндагони миллати хеш бо амру супориши хоҷагон ба қатл расонида намешуданд. Маҳз ҳамаи ин сенарияҳои омӯхташудаву тарҳрезишудаи мухолифатомез ва муташаниҷсози вазъ дар  мавридҳои гуногуни амали мақсадмандон, ҳадаф ва мақсадҳои разилона  буду ҳаст. Ва то ҳанӯз онҳо чун каждумони таги гилем дампо ва фурсатҷӯӣ  намуда, дар комашон заҳри муқотил, интизори фурсати мувофиқ дар  каминанд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки яке аз сабабҳои косташавии ахлоқ ва шомилгардидани  ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ суст ба роҳ монии корҳои тарбиявӣ мебошад.Дар раванди таълим меҳвари корҳои тарбиявиро бояд арзишҳои миллӣ ташкил диҳанд.Оғози ин кори бисёр ҳам муҳим,  бояд аз бози тавваллуд шӯрӯъ гардида, то давраи наврасиву ҷавонӣ дар мағз-мағзи ҷавонон ахлоқи ҳамида бе таъхир ҷойгузин гаштанаш ба манфиати оила, ҷомеа ва бақою пойдории давлат равона гардида, танҳо масъулият ва заҳматро аз аҳли ҷомеа тақозо менамояд. Дар ин шароит оила, мактаб ва ҷомеаро мақсадҳои умумии иҷтимоӣ, вазифаҳои мақсадноки педагогӣ ва принсипҳои муҳиму ягона муттаҳид месозанд, ки дар ин замина он метавонад маҳсулноки ва сифати корҳоро мусбӣ арёбӣ намояд.Дар ин маврид муаллиф  иброз медорад; «Ба хотири он ки одам ба эътироф ва назардошти чунин манфиат одат кунад, онро чизи ҳатми шуморад», бо  гуфтаҳои И.Кант фикри хешро тасдиқ намуда; « ба ин низом бояд аз овони хурдӣ одат кунонида шавад. Вагарна дер мешавад, ислоҳи ӯ имконпазир мегардад. Дар ӯ эҳсоси худписандӣ, мағрурӣ, ман-манӣ ғолибият пайдо мекунад…Ниҳоят зарур аст, ки инсонро хеле барвақт барои ба талаботи ақл тобеъ кунонидан омӯзиш кард ».(И.Кант. О педагогике.-М..; 1980.-С.446) Дар ин маврид Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мефармояд; «Ҳар касе бо шинохти хештани хеш аҳамият медиҳад ва мехоҳад фазилатҳои худ ва роҳи чигунагии тобеъ сохтани онҳоро бидонад, то тавассути онҳо нафси худро пок созад, бояд барои ин саъй варзад.Ҳамчунин, ҳар касе мехоҳад разилатҳои  хеш ва чигунагии аз онҳо худро  муҳофизат карданро бидонад, бигузор нафси хештани хешро аз онҳо пок намояд.Ҳар касе, ки ахлоқи ҳамидаро афзалтар медонад, бибоистӣ, ки беҳтарин кирдору рафторро ҳадафи худ қарор диҳад.Инсонро месазад, ки қувваи амалии хешро тавассти фазилатҳое пурра ва такмил диҳад, ки хоси ҳар яке аз ин қувваҳои ӯ буда, дар пояи покдоманӣ, далерӣ, ҳикмат ва додгарӣ асос ёфтаанд ва разоиле, ки муқобили он фазилатҳо мебошанд, дурӣ ҷӯяд».(Адаб.№3, 2013)  Мушкилоти дигаре, ки муаллиф дар мақола мавридаш диққатназарона ибрози ақида намудааст, «Интизом дар доираи тарбия» аст.Бе шак интизом аз лиҳози мақсад ва қурбият дар доираи тарбия мақоми махсусро доро буда, равандҳои минбаъдаи  муносибатҳо, рафт ва идомаи ҳамаи фаъолияту  мақсадҳо аз чигунагии тартиботу низоми аслӣ вобастагӣ дорад.Яъне, он меъёрҳое, ки аз тарафи умум дар шакли қоидаҳои  рафтори шахсият қабул ва роҳандозӣ шудадаанд, низом ва тартиби онро бояд мавриди иҷро ва риоя қарор додани бошандагони ҷомеа заруру ҳатмист.Ба ақидаи муаллиф; «Интизом дар доираи фаҳми И.Кант, коидаҳои рафтори шахс мебошад, ба пуррагӣ ба он талаботе, ки ҷомеа ниёз дорад, муқаррар намудааст, мувофиқат мекунад. Инсон ҷузъи ҷомеа аст.Ва дар амали худ, зарур аст манфиатҳои онро ба инобат гирад». С.Ятимов мавриди омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи инсон, бо И.Кант ҳамфикр буда, онҳо дар ин ақидаанд, ки модоме инсон аз бози пайдоиш ва таваллуд ниёз ба парваришу парасторирро дорад, пас дар давоми умрашон  низ, инсоният  ногузири заруррияти тарбиятгар доштанро эҳсос намуда, эҷози ташаккулёбии онро тақозои замон меҳисобанд. Дар ин замина инсонҳо новобаста аз шароитҳои иҷтимоии фараҳбахш хоҳ — нохоҳ ба фаъолиятҳое даст мезананд, ки майли баргардӣ ба табиати ғайриинсониро дошта, онҳо хилофи қонуну қоидаҳои мавриди умум қабулгардидаанд. Ва ин нишондодҳо наметавонанд, дар шакли интизом ташаккули шахсиятро ба низом дароранд. Аз ин рӯ; «интизом намегузорад, ки одам дар таъиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат баргардад.., низом ҳаст, ки инсонро аз ваҳшоният халос мекунад.., Ваҳшигарӣ берун аз қонун зистан аст»(И.Кант. О педагогике.-М..; 1980.-С.446)  Аз ин ҷо бар меояд, ки одамонро зарур аст, дар ягон ҳолат андоза, меъёр ва ҳадди амалро мавриди фаъолият дар созгории  интизом ва муносибатҳо фаромӯш накарда, пайваста ба нафъи умум, барои ояндаи нек дар ҳамзистии осоишта кӯшиш ба харҷ диҳанд. Яке аз мавзӯъоти асосии равандҳои сиёсии ҷомеа вобаста ба таҳаввулотҳои замони муосир, шахс ва ҷомеа мебошад, ки ин раванд, низ аз тарафи муаллиф бо муҳимият масълагузорӣ кардашуда, дарк ва масаълаҳои ҳалталаби ин мушкилот ба марази андеша ва таҳқиқу назарбиниҳо қарор дода шудааст. Нақши шахс дар тамоми равандҳои ҷомеа бузург буда, он метавонад дар фаъолияти сиёсии худ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири амиқ расонад.Аз ин рӯ, сохтори сиёсии ҷомеа аз шахс вобастагӣ дошта, инсон тавассути ақл метавонад, ҳадафмандона мақсадҳои олии ҳешро ҳалу фасл намояд. Дар ин маврид, Закариёи Розӣ менависад, ки; «Инсон ҳамеша аз пайи тарбияи нафс аст ва ӯро бар ҳолати тобеяти ақл нигоҳ дошта, маҷбур намудан зарур аст, ки вай ҳаргиз аз амри ақл берун набарояд.Пас агар мо аз уҳдаи ин кор бароем, он гоҳ ақл бағоят мададгор ва нурпоши пайраҳаи хаётамон мешавад».(Закариёи Розӣ.Мунтахаби осор.Душанбе.1989.-С 46.) Дар ин замина муаллиф такя ба пешниҳодҳои ҷолиби И.Кант намуда, роҳҳои ташаккули шахсиятро дар заминаҳои инкишофёбии ҷомеа ва шахс баён сохта, иброз медорад; «Ниҳоят зарур аст, ки инсонро хеле барвақт барои ба талаботи ақл тобеъ кунонидан омӯзиш кард». (И.Кант.О педагогике.-М.;1980.-С.446).

Дар ҷомеа шахс зиндагӣ намуда, дар зеҳну тафаккури вай дарки зарурати бо ҷомеа зистан пайдо мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо шахс худро як узви асосии ҷомеа шуморида, аз ҷомеа ҷудо будани хешро намепазирад. Ва ё бараъкси ин. Бинобар ин, зарур аст, ки аҳли ҷомеа, институтҳои сиёсӣ, телевизион, радио, театр, ВАО бо тамоми роҳу шароитҳо мавриди ҷалбнамоиву роҳандозии одамон ба кирдорҳои шоиста дар заминаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба талаботҳои ақлӣ-умумиинсонӣ талош ва сидқан ҷаҳд  ва меҳнат намоем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамагон бо камоли ақл масоилҳои ҷомеавиро дуруст дарк намуда, пайи таълим ва тарбияи дурусти фарзандон қарор дошта бошем. Зеро ҳама гуна зуҳуротҳо, муносибату муошират маҳз аз даврони наврасӣ оғоз ёфта, марзҳои фаъолият вобаста ба таъсиррасониҳо ҳади худро дошта, надонистан ва сарфаҳми ҳаводису равандҳо  ва риоя накардани қонуну қоидаҳои ҷамъиятӣ метавонад барои наслҳо бори сангин гардида,  мушкилотҳо ва бадбахтиҳои  бунёдсӯзро ба миён оварад. Дар ин замина муаллиф  аз нигоштаҳои И.Кант дилсӯзона таъкид менамояд; «Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз бо хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилият, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунон ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро думболагирӣ мекунад». (И.Кант.О педагогике.-М.;1980.-С.446). Дар ин замина устод С.Ятимов хонандаро ба бузургтарин  хазинаи маърифатӣ, ба оғуши баҳоре роҳандозӣ менамояд, ки хазон надорад.Роҳбалади накукор, ҳамагонро ба осори шоҳкории бузурге дар насру назм ва ҳикмату ахлоқу андарзи Саъдии Шерозӣ ба сайри маънии «Гулистон» ҳамсафар намуда  қулфкушоӣ менамояд, ки воқеан кори пурарзишу пурмаънӣ, савоб ва дурусту ҷолиб аст.                                                                                                                              Олими    барҷастаи дунё И.Кант озодиро яке аз муҳимтарин мавзӯи ҳамагонии ҷомеа ҳисоб намуда, роҳу равиш ва дарки ҳамаҷонибаи онро вазифаи ҳар як аъзои он шуморидааст. Устод С.Ятимов мавриди масълагузорӣ ва дарки ҳамаҷонибаи воқеият аз нигоштаҳои И.Кант хеле нозукбинона пешниҳоди ақлиро манзури хонандагон намудааст; «Маҷбуркунӣ худ як зарурат аст.Ҳар замоне, ки менигарам, маҷбуркуниро дар баробари  озодӣ мебинам».(ҳамон ҷо.саҳ 458) Ин ҷо месазад, ки мо ҳамаҷониба афкори пешниҳодшудаи муаллифро дақиқназаронаву огоҳмандона дарку баррасӣ намоем. Зеро ин масоил барои дарки бошууронаву ҳадафмандонаи аҳли  башар ҳамчун раванди асосии сохту ташаккули инсоният ва фаъолияти вай, дар ҳамаи давру замонҳо асосӣ ва зарурӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаҳои бисёрсолаи инсоният гувоҳӣ медиҳанд, ки «ақлу ҳуши иддае аз одамон туфайли шунавоиашон аст». Аз ин ҷо аҳли ҷомеаро зарур аст, дар фаъолияти хеш бошандагонро ба амалҳои босамар на танҳо роҳандозӣ балки мавриди иҷро зери назорати қатъӣ гирифта, дар заминаи риояи қонуну қоидаҳо ва иҷрои пурсамари амалҳо ба манфиати ҷомеа кӯшиш ва заҳмат кашанд. Зиндагӣ дар маҷмӯъ паҳно  ва мушкилотҳои зиёдеро дорост. Одамизод вазифадор аст, ки дар айёми ҳастӣ бо истифодаи оқилонаи вақт, фаъолияти ҳамаҷонибаи касбӣ дар ҳамзистиву  ҳамкорӣ нақшаҳои  марбутаро бо ақли расо ва диди ҳаққонӣ, нигаристан ба чашми хирад, на бадон чашм к-андар ӯ нигарӣ,(Таъбири А.Рӯдакӣ) ба сомон расонад. Дар асл муваффақ шудан як навъ озодист, ки инсон аз фаъолияту заҳматҳо ва дастовардҳояш завқ мебарад. Лекин исбот шудааст, ки инсон табиати ҳайвониро дар худ боқӣ гузоштааст. Инсонҳо на ҳамеша аз ҳама чиз сер, қаноатманд ва розиянд. Дар зиндагии инсонҳо омилҳое ҳастанд, ки ҳамеша ҳамқадами одамон нишоту фараҳ ва қаноатмадиро дар муқобили нодонӣ ва ҷаҳолат рӯи кор меоваранд. Аз як тараф, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, ҳимматбаландӣ, некаҳдӣ, паймоннигоҳдорӣ, расоандешӣ, адолатпарварӣ, қаноатмандӣ, далерӣ,  шуҷоат омилҳое ҳастанд, ки дар муқобили разилатҳо аз қабилӣ; ҳасад, кина, ниқорталабӣ, носазогӯӣ, баддаҳонӣ, ғайбатгӯӣ, нодонӣ, гумроҳӣ, ҷаҳолат, хиёнат, бераҳмӣ, ва ғайраҳо ҳамеша ҳамқадами одамон дар фаъолиятанд. Онҳо метавонанд наку ва баръакс бунёдсӯз бошанд. Онҳоро дар ниҳоди одамон, одамон роҳандозӣ менамоянд. Инсон аз азал дорои қувваест, ки тавассути он метавонад молик ба беҳтарин хислатҳо ва ё муқобил ба разилатҳо бошад. Исбот шудааст, ки ахлоқи писандида ва носазо аз рафтору кирдорҳо падид омадаанд. Дар ин маврид ба  овардани пораи ҳикоёт диққат ва хулосаи сомеонро мавриди назарбинӣ ва хулосанамуданҳо равона намуда, даъват ба ақли солим менамоем. Дар  олами ҳастӣ падару модарон ҳеҷ вақте бадбахтии фарзандонро нахоста, баъзан ба мушкилотҳое мувоҷеҳ мегарданд, ки ҳалли он танҳо ба ақли солим вобастагӣ дорад. Ҳикоят менамоянд, ки «Падаре аз рӯи роҳандозии рӯзгори наку писарро сарзаниш менамояд, ки ҳайфи талошу сайъи беҳудаи ман, ки мавриди тарбиятат сарф намудам.Дили фарзанд, шикаста гардида,бехабар аз падар азми сафар менамояд. Ранҷу заҳмати зиёд кашида, оқибат дорои ва шуҳратёр гардида, ҳокими шаҳр мегардад. Ба ҳайси Мир  амр мефармояд, то падарашро  ба дарбор биёваранд. Падар назди ҳоким омада, фарзандро мешиносад. Писар дар либоси ҳоким,  аз ғояти худхоҳиву кибр ба саро пои падараш нигариста иброз медорад;                                                                                                             

Гуфта будӣ ки ту одам нашавӣ, ту кунун шаҳмату ҷоҳам бинигар,       Пир хандиду сараш дод такон гуфт; ин нукта бурун шуд аз дар. Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ, гуфтам одам нашавӣ ҷони падар».               Таърихи маърифатхоҳии инсон хусусан, олами Шарқ одамиятро дар ҳама самту равандҳо аввалан дар мадди назар гузошта, баъдан дар заминаи одамият, хулқи баланди инсонӣ, дигар вазифаву касб ва амалияҳо дар назари фаъолият қарор додааст. Дар зиндагии инсоният фаъолияти бошуурона мавқеи асосиро дорост. Одамон дар бисёр ҳолатҳо, ба роҳбалад, омӯзгор, тарбиятгар ва дигар васитҳои таъсиррасон зарурият доранд. Аз ин рӯ ба ақидаи  И.Кант ва С.Ятимов  «Маҷбуркунӣ зарур аст!». Маҷбурнамоӣ  ба маънои иҷборан чизи нодурустро кӯр-кӯрона ба сари касе бор кардан нест. Баръакс, дар ниҳоди «маҷбуркунӣ» дарки бошууронаи ахлоқ, муносибати некбинона ба ҳама, новобаста аз миллат, нажот, эътиқод, ҷинс, мансубият ба дину ҳизб ва ғайраҳо бояд ҷойгузин бошад. Имрӯз таҷрибаҳои ҳаёт бозгӯи он аст, ки муҳимтарин ҷӯзъиёти фаъолияти мувафаққонаи инсонӣ тарбияи ақлонист. Ба ақидаи педагоги рус Макаренко ; «Тарбияи хуб давлати пирии мост, тарбияи бад ин мусибат, ашки ҳасрат, ин гуноҳи азими мо дар назди тамоми кишвар мебошад».Мо муваззафем сайъ намоем. Ин вазифаи олии шаҳрвандӣ барои имрӯз ва ояндаи некамон аст. Зеро инсонҳо  баробари ғизо  ниёз ба озодӣ ва дигар шароитҳои иҷтимоӣ дошта, нигоҳ доштан ва инкишофи он аз тарбияи ахлоқӣ  вобаста буда,  онро ҷомеа тавассути одамон пурраву мукаммал месозанд. Дар ин замина, чӣ гуна идома ёфтани зиндагиамон ба худамон вобаста аст.Агар боақлона атрофии масъалаҳо мулоҳиза ронда, карори дуруст қабул намоем, он ба нафъи ҳамагон заминаҳои адолату субот ва созгориро  ба миён меоварад, ки он асоси раванди бомароми ҷомеа ва ояндаи некро таъмингар аст. Дар ин ҷода устувории комил ва характери дорои сифатан аъло лозим аст. Дар заминаи омӯзишҳо муаллиф иброз медорад, ки «Тибқи андешаи И.Кант, характер маҷмӯи  нисбатан  устувори  ҳолатҳои  рӯҳиву равонии инсон аст. Дар баробари факторҳои иҷтимоӣ омилҳои физиологии инсон, вазъи иҷтимоӣ, воқеияти зиндагӣ, муҳити атроф, алоқаҳо ва миёнҷигариҳо аз омилҳое ҳастанд, ки моҳият, мундариҷа ва самтгирии хислати инсониро муайян мекунанд».Дар ин замина муаллиф эҷодиёти И.Кантро нисбати характери инсон ба чор унсур тақсим намуда, дар ин ақида аст, ки ин шахсияти бузург беҳтарин мавод барои омӯзиш аст. Таҷрибаи зиндагиномаи И.Кант аз оғоз то анҷом амал кардан аз рӯи принсипҳост. «Сарчашмаи чунин принсипҳо аз ақли инсонӣ бар меоянд».Ба ақидаи  муаллиф,  И.Кант муҳимтарин ҷузъиёти характери фаъолияти инсонро  дар иродаи худи инсон мебинад. Ирода амали мақсадноки инсон аст, ки мавриди амалияи вазифа, масъулият ва уҳдадорӣ роҳандозӣ мегардад.Иҷроиши амали мақсаднок- принсип ё  худ  характер аст.Инсони дорои иродаи комил бо назардошти  ҳалли мушкилотҳо  мавриди рафъи тамоми монеаҳо  муваффақ аст. Мушкилотҳо бояд тавассути ақл на ҷаҳл ҳал гарданд.Аз ин рӯ, новобаста ба таъсиротҳо ва омилҳои бегона, инсонро зарур аст дар чорчӯбаи ақл , дар бозсанҷиҳо аз рӯи андеша ва хирад корҳоро ба сомон расонад. Муаллиф аз забони И.Кант таъкид месозад, ки барои хирадмандии бурдборона сабру таҳаммул, худдорӣ, ақлу фаросат ва содиқона меҳнат намудан аз ҳама зарурист; «ягона восита, роҳ ва усуле, ки сифати шахсияти инсон, дараҷаи  камолоти ӯро фаҳмидан мумкин аст, меҳнат ва натиҷаи кори  ӯст. Фақат амал, фаъолият, ки самаранокии он ба дониш, малакаи касбӣ ва ақлу фаросати шахс вобаста  аст, кӣ  будани инсонро муайян месозад».

Дар заминаи омӯзиш ва ташхиси инсон омӯхтани фактори ирсият мақоми хосаро доро буда, таҳлилҳо  шароити  мусоидоро  мавриди  бозсанҷиву  омодашавӣ ва ташаккули шахсро  баёнгар мегарданд. Яъне, дар бисёр ҳолатҳо аз овони батни модарӣ, мавриди сарчашмаву шароит, инкишофу ташаккули инсон аз даврони кӯдакӣ то ба гузаштанҳои зина ба зинаи ҷомеавӣ инсон мавриди таъсиррасониҳо қарор ва ташаккул  меёбад. Инсоният дар таҷрибаи шахсии хеш собит сохтааст, ки мавриди таъсироти мусбӣ расонидан ба одамон, натиҷаи дилхоҳи иҷтимоиро ба даст овардан имкон дорад. Ин дар сурате амалӣ мегардад, ки дар барномаҳои генетикӣ нақс вуҷуд надошта бошад.Дар ин замина «вазъи материалӣ-физиологии майна барои тақдири ояндаи инсон мавқеи ҳалкунанда дорад». Вобаста ба ин муаллиф иброз медорад, ки «…инсон наметавонад нусхаи генетикӣ бошад.Аз ӯ ин натиҷаро набояд интизор буд.Майнаи инсон қобилияти беохирии ифодагарии рангоранги табиат ва ҷамъиятро дорад.Дар вобастагӣ бо шакл, мундариҷа ва тарзи таҷассумёбии воқеияти атроф ва муҳит маводи биологӣ «гирифтори» муҳити иҷтимоӣ мегардад». Мавриди исботи фикри боло, устод С.Ятимов боисрор, нишонрасона иқтибос меоварад; «Инсонеро, ки бо ақл, соҳибилм, соҳибмаърифат аст, «аз ҷои худаш гирифта ба ҷои дигар гузоштан» (яъне фиреб кардан, гумроҳ намудан, аз роҳ баровардан, ғаразнок истифода намудан) ниҳоят мушкил аст, зеро ақл, дониш, хирад, худаш вазн дорад.Нафаре, ки ақл надорад, сабук аст.Дар ӯ чизе, ки номбар шуд, яъне вазн дар шакли ақл, нест. Ӯро осон аст, аз ҷо ҷунбонидан ва истифода бурдан. Ақл бошад, худаш  қувва аст, қудрат аст. Вазни он имкони ба ҳар роҳ бурдани шахси соҳибақлро  намедиҳад. Ӯ мустақил аст. Муҳтоҷ ба орияти (қарз гирифтан)  ақли бегона нест. Устувор  аст». (Большая книга мудрости. М.; 2015.С.55)

Дар урфият мегуянд, марг-илоҷ надорад. Дигар ҳама норасогиҳо, мушкиолтҳо, камбудиҳоро метавон дақиқназарона ҳал намуд.Аз ҷумла, ба воситаи тарбия аз бузургтарин хазинаи тамаддуни ахлоқу адаби дунё, ки ҷавҳари онро гузаштагони мо низ ба мерос гузоштаанд, метавон ҳақназарона истифода намуд. Саҳифаҳои таърих гувоҳи медиҳанд; «миллатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштаанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дӯш гирифта буданд.Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдодон хоҳад шуд», менависад, Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.                                                                                               Кори тарбия дар баробари шарафмандӣ мушкилиҳои зиёдеро дорост. Наврасон дар сину соли худ, зуд мутаассиршавандаанд, вале он мутташакил нест. Аз ин рӯ, пайваста заҳмат кашиданамон лозим аст. Кори тарбия назорату фаъолияти рӯзмаррагии инсонро  тақозо менамояд, ки таъсироти манфӣ монанди  бемории  сирояткунандае ҳаст, ки он метавонад дар як лаҳзаи кӯчаки вақт хурӯҷ намуда, зиндагии инсонро ба дардмандӣ, ҷафою парешонӣ табдил диҳад. Имом  Ғаззолӣ мавриди тарбия, мефармояд; «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар.Дили кӯдак пок аст ва ҳар як  тухме андар вай афганӣ бирӯяд.Агар тухми хайр бикорӣ, ба саодати дин ва дунё бирасад ва падару модар дар савоб шарик бошанд Агар фарзанд фосиқу нобакор шуд, падару модар дар азоби ӯ шарик мешаванд».Аз ин рӯ, қотеъона таъкид намудани файласуфи бузург И.Кант мавриди тарбия ва ҳадафмандонаву бо мақсад интихоб  намудани  пораи гуфтор  аз тарафи ӯстоди нуктасанҷ. С.Ятимов бисёр ҷолибу  нишонрас ва саривақтист; «Тарбия санъат аст… ҳар як  насл метавонад зина ба зина ҳамон  намуди тарбияро ба роҳ монад,  ки  тавассути  кушодани  имконоти табиии  он,   мутаносибан  ва мақсаднок инсониятро ба таъиноти худи инсон расонад». (Иммануил Кант. Трактаты и письма.М.;1980.-С.449).

Мақсаду мароми С.Ятимов зимни муроҷиат ба осори асосгузори идеализми классики немис Иммануил Кант мавриди роҳу усулҳои сохтани шахсият, аз назари балани  муаллиф мавриди интихоби мавзӯъ гувоҳӣ дода, мавқеи муаллиф бо ифшои ҷазоббияти масаълаҳо дар асоси матракҳо дар заминаи андешаҳои  фалсафии мутафаккирон, далели арзишмандӣ дар мақолаи илмӣ мебошад. Ташаккули шахсият  ҳамчун маҷмӯи шинохти такомули инсон дар мақола мавқеи асосӣ дошта, он аз тарафи муаллиф бо кушодаарзӣ баён гардидааст. Рӯ  ба ин мавзӯи воқеан муҳим ва зарурии ҷомеа, махсусан дар чунин шароити вазнини муносибатҳо ва таъсиррасониҳои мақсадноки тарафҳои моҷароҷӯй ва ифротиву тундгаро, муҷиби вақт аст. Одамон офарандаи таъриханд. Дар раванди зиндагӣ метавонад, ҳатто як нафар инсон он қадар таъсиргузор ва амали муваффақона дошта бошад, ки ҳазорҳо ва ҳатто миллилонҳо нафарро бо роҳи рост ба манзили умед, ба зиндагии осоиштаву рӯзгори осуда расонад. Як нафар метавонад, чунон корреро анҷом пазирад, ки шояд ҳазорҳо нафари дигар онро анҷом дода натавонанд. Ва имрӯз ба бахти балани мардуми Тоҷикистон баъди ҳазорон сол имконоти воқеии раванди бомарому густариши давлату миллат, таввассути марди худо, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, онро бо дилу нияти нек, бо ишқи саршор аз меҳру садоқат ба тамоми сокинон, бо дилгармии хоса ва меҳанпарастӣ оғозу идома доданаш, мавриди  дастгирии дилу ҷонист. Бале меарзад, ки мушкилписандӣ, сабру тоқат, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардӣ, ақлу хирад, соҳибназариро аз ӯ омухт. Ба ӯ пайравӣ кард. Аз ӯ намуна гирифт. «Давра ба давра, насл ба насл ин маънавиётро, ҳамчун мароми пойдории миллат, ба ояндагон бояд расонд». Масъулияти ин кори бузург ба уҳдаи мост. Гуфтаҳои олими бузурги олмон В.Ф.Гегел,бо тамоми муҳимияташ ба мо тааллуқ дорад; «шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем.Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад.Ва олитарин зуҳурот-шуурнокӣ ва худшиносӣ завол наёбад».

Сафаралӣ СОБИРОВ, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ                                                                                                                                                                      

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply