Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таъсиси ду факултети нав дар Донишгоҳи технологӣ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҳисоби се факултети иқтисод факултетҳои ҷадид бо номҳои «Иқтисод ва молия» ва «Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ» таъсис гардид.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҳисоби се факултети иқтисод факултетҳои ҷадид бо номҳои «Иқтисод ва молия» ва «Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ» таъсис гардид.

Маҳмуд  Тошматов,  муовини аввали ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  имрӯз 16 июл дар  нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин ду факултети нав аз ҳисоби се факултети қаблӣ ташкил шудааст.

Вай гуфт, ки дар доираи ҳамкорҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Белорусия факултети муштараки Донишгоҳи техникии Полосток ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт таъсис дода шуд.

Зимнан, дар ин донишгоҳ, аз рӯи 41 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯи 36 ихтисос дар зинаи магистратура, аз рӯи 9 самти илмӣ аспирантура ва аз рӯи 8 самти илмӣ докторантура аз рӯи PhD мутахассис тайёр мекунад.

Айни замон шумораи донишҷӯёни таълимгоҳ 5449 нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи низоми кредитӣ таълим гирифта истодаанд. Таълимгоҳи мазкур дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 12400 мутахассисонро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишвар омода кардааст, ки зиёда аз 580  нафари онҳо донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаанд.

Маҳмуд Тошматов, муовини аввали ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гуфт: «Шартномаи таҳсил дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  нисбат ба дигар донишгоҳҳои олии кишвар ду маротиба арзонтар аст. Арзон ба маънои он не, ки сатҳи таълим дар донишгоҳ паст аст. Мо, пеш аз ҳама сатҳи иҷтимоии мардуми Тоҷикистонро ба назар гирифтаем».

Ширин Тоҳирӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.