• Mardon
  • 26.07.2019
  • 0

“Тоҷик Эйр” ба по мехезад?

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” пас аз 7 моҳи таваққуф имрӯз, 26 июл дубора фаъол шуда ва зойиронро аз Хуҷанд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ интиқол додааст.

Ҳамзамон, Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки то ҳол ин ширкат қарзҳои худро дар назди бонкҳо ва фурудгоҳҳо пурра пардохт накардааст.

Вай афзуд, ҷонибҳо дар мавриди ба таъхир андохтани муддати пардохти қарзҳо ба тавофуқ расидаанд.

Ҳамчунин, дар нишаст таъкид шуд, ки комиссияи махсуси давлати Тоҷикистон таҷҳизоту техникаи кӯҳна ва ғайриқобили истифодаи ширкати “Тоҷик Эйр”-ро рӯйхат карда ва барои фурӯш пешниҳод кардаанд.

Тибқи арзёбии қаблӣ ин таҷҳизоту техника аз 3,8 то 4 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар сурати фурӯши ин таҷҳизот ширкат метавонад бахше аз қарзҳои худро пардохт кунад.

Қарзи ширкати “Тоҷик Эйр” аз “Амонатбонк” 45 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ин ширкат аз фурудгоҳҳои Вунукови Маскав ва Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб барои хизматрасонии ҳавопаймоҳо қарздор буда, як ҳавопаймои он дар Маскав ба унвони гарав нигаҳ дошта шудааст.

Масъулони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи пуштибонӣ аз ширкати “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018-2025-ро қабл кардааст, ки дар чорчӯби он вазъи молии ин ширкат марҳила ба марҳила беҳбуд хоҳад шуд.

Ширкати “Тоҷик Эйр” таърихи 95-сола дошта, дар солҳои ахир ба далели маъмурияти нодуруст дучори мушкили шадиди молӣ шуд.

Феълан дар парки “Тоҷик Эйр” 5 ҳавопаймо ва як чархбол мавҷуд буда, танҳо як ҳавопаймо фаъол ва мутабоқӣ дар таъмир ҳастанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner