• Mardon
  • 14.06.2019
  • 0

Тоҷикистон бо Чин 15 санадро имзо хоҳад кард

Дар назар аст, дар ҷараёни сафари давлатии Си Ҷинпин, раҳбари Чин ба Тоҷикистон 15 санад дар бахшҳои амният, иқтисод ва иҷтимоӣ ба имзо расад.

Си Ҷинпин рӯзи 14 июн бо як дидори давлатӣ вориди Душанбе шуда бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин, раҳбари Чин дар панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни 2019 дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви МҲТБО дар шаҳри Душанбе раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

Рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид ва Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ба манзури ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ вориди Душанбе шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро ташкил медиҳад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner