• Administrator
  • 08.01.2019
  • 0

Тоҷикистон: Саратони сина афзоиш меёбад

Гуруҳе аз табибони саратоншинос ва бемориҳои занона бо таҳқиқи омори 10 соли ахир, маълум кардаанд, ки гирифторони саратони сина ҳар сол дар Тоҷикистон бештар аз як дар сад меафзояд.

Агар дар соли 2006 фақат 229 зани гирифтори бемории ғадуди ширӣ дар Тоҷикистон ошкор шуда бошад, пас соли 2016 теъдоди гирифторон ду баробар афзуда ба 467 нафар расидааст.

Дар умум аз соли 2006 то соли 2016 бештар аз 4 ҳазор зани тоҷик ба бемории саратони сина мубтало шудаанд ва аксари онҳо заноне будаанд, ки аз 45 то 54 сол доранд. Тақрибан 33 дар сади гирифторон дар миёни занони ҳамин синну сол будаанд. Дар байни онҳо як пиразане ҳам будааст, ки дар 97 солагӣ дар ӯ ин бемориро ошкор кардаанд.

Таҳқиқро Самеъ Расулов, саратоншинос ва доктори илмҳои тиббӣ, Зарина Рофиева, профессор ва табиби бемориҳои занона, Кошиф Расулов унвонҷӯи тоҷик анҷом додаанд. Таҳқиқи онҳо охири соли гузашта нашр шуд.

Бар асоси ин таҳқиқ, саратони сина ҳоло бештар аз ҳар саратони дигар дар Тоҷикистон паҳн шудааст ва хатари он вуҷуд дорад, ки аз миёни ҳар 100 ҳазор зану духтар на камтар аз 11 нафари онҳо ба ин беморӣ гирифтор шаванд.

Айни замон ба гуфтаи муаллифон мумкин аст, теъдоди гирифторон зиёдтар бошад, чун ташхиси густурдаи ғадуди ширӣ дар Тоҷикистон ҳануз роиҷ нашудааст ва занон ҳам аз ин беморӣ огаҳии кофӣ надоранд.

Заробиддин Баротов, саратоншинос ва муовини раиси Маркази саратоншиносии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ гуфт, сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ зиёданд.

“Номувофиқии ҳаёти ҷинсӣ, сиқти ҷанин зиёда аз 7 маротиба, камтар додани шири сина ба кӯдак, илтиҳоби бачадон ва тухмдонҳо… баъзе аз омилҳои гирифторӣ аст. Баъдан бемориҳое ҳастанд, ки ба саратон мусоидат мекунанд, ба мисли фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, атеросклероз ва бемориҳои ҷигар” – гуфт, ӯ.

Вай афзуд, омилҳои ирсӣ ва издивоҷҳои хешутаборӣ ҳам метавонанд, сабаби гирифторӣ ба саратони сина шаванд. Ба қавли табиби тоҷик солҳои ахир модарони ҷавони тоҷик бо назардошти омилҳои эстетикӣ ва ё бузург нашудани сина ба тифлони навзоди худ шир намедиҳанд, ки кори хатост ва метавонад, омили саратонзо шавад.

Бемории мазкур дар соли 2016-ум 312 зану духтари тоҷикро аз азизонашон гирифтааст, ки дар муқоиса ба 10 соли пеш тақрибан 5 дар сад зиёд аст. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, тамоюли маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардааст, зеро шеваҳои ташхис ва муолиҷа пешрафт кардаанд. Пайдо шудани доруҳои нав имкон додааст, ки маргу мир аз саратони сина камтар шавад.

Дар ин таҳқиқ омадааст, ки барои пешгирӣ аз доман задани бемории саратони сина дар Тоҷикистон бояд чорабиниҳои иловагӣ ҷиҳати ошкор кардани аломатҳои он дар марҳилаи аввал андешида шавад. Шабакаҳои ташхиси ғадуди ширӣ боз кунанд, озмоишгоҳҳои сайёр таъсис диҳанд, то ба манотиқи дурдаст ва камбизоат рафта занонро ташхис кунанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, саратони сина дар байни занон дар ҷаҳон бештар аз ҳар саратони дигар паҳн шудааст ва солона бештар аз 2 миллион нафар ба он гирифта мешаванд.

Соли 2018 ин беморӣ ҷони 627 ҳазор нафар занро дар ҷаҳон аз байн бурдааст. Ҳарчанд ба ин беморӣ аксаран занони кишварҳои пешрафта гирифтор мешаванд, аммо ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳоло беморӣ дар тамоми минтақаҳову кишварҳои ҷаҳон ба мисли Тоҷикистон зиёдтар мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner