• Бахтовар Сафаров
  • 31.01.2019
  • 0

Ҳуқуқҳоятон поймол шуд? Ба РМЗҶМ ВКД –и Тоҷикистон муроҷиат кунед!

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (УБОП ё ин ки 6-ум отдел) ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои бюрократӣ, ҳамчунин саривақт ва объективона баррасӣ намудани муроҷиатҳо ва хабарҳо қабули «муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ мондааст.
Шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, баргардонидани ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аз хориҷи кишвар ба Ватан, таълимоти ғайриқонунии динӣ, машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоот, моликияти зеҳнӣ, молу маҳсулот ва дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ва дигар ҷиноятҳо ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 227-07-07; 221-01-49 суроғаи электронӣ (info@ubop.tj) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд.
Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66
Кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин карда мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner