• Бахтовар Сафаров
  • 26.06.2019
  • 0

Қубодиён: Мард язнаашро бо корд зада кушт

Дар ноҳияи Қубодиён марди 29-сола дар ҳолати мастӣ бо шавҳари апааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд язнаашро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Тавре зикр мешавад, номбурда, шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳари апааш, марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

“Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-омадааст дар иттилоия.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner