• Эмом НАЗАРОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ- 2017

12 январ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ- 2017 дар минтакаи Душанбе баргузор шуд.
Тибқи анъана Ҷоми ФФТ-2017 дар ду марҳила – пешакӣ ва финалӣ ҷараён мегирад, — хабар додаст сомонаи ФФТ. – Мусобиқаҳои марҳилаи пешакӣ дар се минтақа – Душанбе (26 январ), Суғд (20 январ) ва Хатлон (27 январ) мегузаранд.
Дар минтақаи Душанбе 9 даста дар ду гурӯҳ миёни ҳам мусобиқа мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе) и «Кӯктош» (Рӯдакӣ).ва ба гурӯҳи «Б» «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ» (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр» (Ваҳдат) қуръапартоӣ шудаанд.
Тақвими бозиҳо дар гурӯҳҳои мазкур баъдтар манзур карда мешаванд. Қисмати финалии Ҷоми ФФТ-2017 аз 10 то 19 феврал дар Душанбе баргузор мешавад.
Э. НАЗАРОВ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner