• Mardon
  • 08.08.2019
  • 0

Урологи маъруф Аслиддин Осимӣ даргузашт

Шаби гузашта Аслиддин  Осимӣ, профессор ва яке аз  урологҳои варзидаи тоҷик дар синни 86 –солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони Осимӣ ба “Tajikistantimes» хабар доданд.

Аслиддин Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли  1959 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибн Синоро хатм кард. Солҳои  1959 то 1963 дар бемористони Хуҷанд ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият кард.

Сипас дар Донишгоҳи тиббӣ сабақ гуфта то дараҷаи профессор ва Сарурологи Вазорати тандурустии Тоҷикистон расид.

Аслиддин Осимӣ муаллифи 2 монография, 6 дастури илмию методӣ ва бештар 200 мақола мебошад.

Бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Интизор меравад, ки ҷанозаи марҳум соати 11:30 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар қабристони Сари Осиё ба хок супоранд.

Ҳайати эҷодии сомонаи “Tajikistantimes» ба наздикону пайвандони  Аслиддин  Осимӣ ҳамдардӣ баён мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner