Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Уштури бегардан: Роҳҳои валангори Вахш кай таъмир мешаванд?

Роҳҳои вайрону валангари маҳаллии ноҳияи Вахш ронандагонро нигарон кардааст. Аз ин ҳолат беш аз ҳама ронандаҳои таксӣ, ки ҳамарӯза аз роҳ истифода мебаранд, дар ташвишанд.

Роҳҳои  вайрону валангари маҳаллии ноҳияи Вахш ронандагонро нигарон кардааст. Аз ин ҳолат беш аз ҳама ронандаҳои таксӣ, ки ҳамарӯза аз роҳ истифода мебаранд, дар ташвишанд.

Роҳҳо 80% вайронанд?!

Искандар яке аз сокинони ноҳияи Вахш аст, ки аз роҳҳои маҳаллӣ зиёд истифода мебарад, аз вайронии роҳҳо ва пулҳои мошингузар нигарон аст. Ӯ гуфт, ки аз ҳисоби вайронии роҳҳои маҳаллӣ соле ду моротиба нақлиёташро таъмир мекунад. “Вайронии роҳҳо ба мо — ронандагон зарари худро мерасонад. Агар масъулин ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд, бехатарии ронандагону сокинон таъмин шуда, нархии роҳкиро то андозае коҳиш меёбад”, — афзуд номбурда.

Ба иттилои Раҷабалӣ Иззатуллоев, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш, аз масофаи умумии 169 километр роҳҳои маҳаллӣ танҳо ҳудуди 20 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ буда, боқимонда валангоранд.

Тӯли бештар аз 25 соли охир барои таъмиру нигаҳдории роҳҳо, хусусан, роҳҳои маҳаллӣ маблағи кам ҷудо мегардад. Нокифоя будан ё дар баъзан маврид тамоман ҷудо нашудани маблағ аз буҷети маҳаллӣ сабаби асосии ба чунин ҳолат расидани роҳҳо дониста мешавад.

Ба гуфти масъулин, омили асосии мушкилот дар ин ҷода набудани маблағ аст. Яъне, кам  ё набудани маблағ имкон намедиҳад, ки роҳҳои маҳаллӣ таъмир шуда, дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.

Пул ҳаст, аммо “бехарҷнома намедиҳем”

Мавзуна Кӯлобиева, сармутахассиси шуъбаи банақшагирии буҷети Раёсати молияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш гуфт, ки давоми соли ҷорӣ ба Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. “Дар нақша барои роҳу коммуникатсия 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо сабаби пешниҳод накардани харҷнома аз ҷониби муассисаи мазкур ба ин муассиса маблағ ҷудо нагардид. Агар харҷномаро ба Раёсати молия пешниҳод кунанд, дар он сурат то 100 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо мегардад. Агар харҷнома пешниҳод накунанд, мо маблағ ҷудо карда наметавонем”, — илова кард ӯ.

Абдуқаҳҳор Улфатов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш низ бо тасдиқи ҳарфҳои мусоҳиби қаблиямон илова кард, ки танҳо дар асоси пешниҳоди харҷтномаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард метавон аз буҷети ноҳия маблағ ҷудо кард. “То ҳол ягон маротиба барои ҷудо кардани маблағ дархост пешниҳод нашудааст. Сабаби асосии маблағгузорӣ нашудан ҳамин аст. Ин муассиса бояд дар асоси пешниҳод намудани мактуб ва дақиқ намудани таъмири чанд километр роҳ маблағ талаб кунад. Дар дигар ҳолат мо маблағ ҷудо намекунем”, — афзуд вай. Воқеан, мегӯянд, ки агар уштур ташна монад, гарданашро дароз мекунад. Пас, чаро дар Вахш чунин нест?

Қарзи муассисаро кӣ ва кай бармегардонад?   

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Раҷабалӣ Иззатуллоев давоми соли равон ба мақомоти маҳаллӣ барои ҷудо кардани маблағ дархост пешниҳод шудааст. Вай илова кард: “Агар мо барои пурра таъмир кардани роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта хароҷотнома пешниҳод кунем, Раёсати молия имкони ҷудо кардани маблағро надорад, зеро маблағи зиёд лозим аст”.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, давоми соли равон  500 метр роҳ дар асоси супориши идораи вилоятӣ пурра таҷдид карда шуд. Аммо барои навсозии он муассисаи болозикр аз ҶДММ “Интерстрой”  182 ҳазор сомонӣ қарздор шуд. “Барои пардохти қарз аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дархост кардаем, вале то ҳанӯз ҳеҷ маблағ пардохт нашудааст, — гуфт Р. Иззатуллоев.

Лекин Абдуқаҳҳор Улфатов иддао дорад, ки мо аз чунин ранг гирифтани кор огоҳ нестем. “Аз шартнома ва қавлу қасами роҳбарияти муассисаи мазкур бо корхонаи асфалтбарорӣ (ҶДММ “Интерстрой” хабар надорем. Ҳар гуна мактуби вобаста ба маблағ ҳатман ба идораи мо меояд. Агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод шавад, дар он сурат нисбат ба ин масъала тадбирандешӣ мешавад”, — изҳор дошт ӯ .

Купрӯкҳо ҳам бетаъмир мондаанд

Ба гуфтаи масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар баробари таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ, ҳолати пулҳои мошингузар низ чандон хуб нест. Пулҳои мошингузар солиёни зиёд аст, ки бе таъмири бояду шояд мавриди истифодаи умум қарор доранд ва аз ин ҳисоб фарсудаву таъмирталабанд. Ба иттилои Раҷабалӣ Иззатуллоев, дар ноҳия ҳашт пул ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад, вале набудани маблағ имкон намедиҳад, ки пулҳо таъмир шаванд.

Бартараф кардани ин мушкилӣ дар сурати таваҷҷуҳи бештари масъулини мақомоти маҳаллӣ ба ҳолати роҳҳо ва маблағгузории кофии саривақтӣ имконпазир аст. Пас, мутасаддиёнро мебояд, ки  сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд.

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Фируз Хоков 14.08.2019 12:38

    н МСА Хамадони хам амихелан , ( кроме джаруни район

  2. Салмон форси 14.08.2019 12:41

    Аз хар мошин хазор сомон зиед мегиран и пулора сарф кунан дар Точикистон аз чор милллион мошин зиёдасту кам нест сари мош8ин лоакал хазор сомон хисоб кун барои чи дар и бора назорат нест ин чо таги коса ни коса аст.

Ваш e-mail не будет опубликован.