• Усмон НИЁЗОВ
  • 11.04.2017
  • 1

Ваҳдат соҳиби корхонаи коркарди пӯст мешавад

Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи ҶДММ «Сомон Чарм» оид ба коркарди пӯсти чорвои шохдори калон ва хурд таъсис дода мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бо таъсиси ҶДММ «Сомон Чарм» 40 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Корхона бо мақсади коркарди пурраи ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъсис меёбад.

Ҳоло корҳои сохтмонии корхонаи мазкур идома дошта, бунёди 4 адад ҳавзчаҳо бо ғунҷоиши 700 адад пӯст барои тар кардан бо маводи зарурӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар назар аст, ки корхона рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз намояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner