Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Валӣ Самад – “Чечентоҷики донишманд” даргузашт

Дар адабиётшиносӣ – «донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷӯянда ва заҳматкаши фидокор», «пайвандгари риштаҳои нажодӣ ва фарҳангӣ», «аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷӯянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни форсӣ» (Муҳаммад Осимӣ), «олим ва адабиётшиноси дақиқназар» (Холиқ Мирзозода, Сотим Улуғзода), «муҳаққиқи ҳақиқатнигори дар касбу кори хеш муқаддам» (Камол Айнӣ), «олими гиреҳкушой» ва «соҳиби диди расо» (Раҷаб Амонов), донишманди дорои «муҳимтарин сифатҳои ҷустуҷӯи илмӣ: дақиқкорӣ, сабру тоқат, ҷузъиётшиносӣ, муқобала ва муқоиса» (Акбари Турсунзод), «кошифи бақои суннатҳои адаби форсӣ», «ҳисобдӯст», «собир ва таҳаммулпеша», «санадгаро», «дақиқкор ва мӯйшикоф» (Абдунабӣ Сатторзода), «донишманди пурдону пуркор ва миллатдӯсту ватандор» (Мирзо Муллоаҳмад), «донишманди саршиноси тоҷик» (Абдулманнони Насриддин), «муҳаққиқи пурталош» (Матлубаи Мирзоюнус), «сарвари донишвари фарҳангпарвар, озодаи Фирдавсишинос ва Шоҳномапажӯҳ» (Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ), «истинный ученый» (Муҳаммад Алӣ), «пажӯҳишгари хастагинопазир» (Ҳусейн Аббосзода, Аббосалӣ Саровлу), «пажӯҳишгари намоён ва тобноки пайвандҳои адабӣ» (Абулфазл Раҳимов);

Дар меҳанпарастӣ ва гароиши миллӣ – «ватанпарасти шӯълавар» (Холиқ Мирзозода), «чечентоҷики донишманд» (Муҳаммадҷони Шакурӣ), «тоҷики саропо дард» (Лоиқ Шералӣ), «марди Валӣ» (Бозор Собир), «ҳимоятгари яккаву ягонаи миллати тоҷик аз тасаллути саҳронишинони дирӯза ва имрӯза» (Абдунабӣ Сатторзода), «муборизи сарсупурдаи озодии қавми тоҷик аз гоҳи торикӣ» (Қодири Рустам), «талошгари воқеии ҳақ ва ҳимояи халқ» (Раҳим Масов), «парчамбардори нангу номуси миллат» (Мирзо Шакурзода), «тоҷики асил ва хурӯси миллат» (Мастон Шералӣ), «тоҷике бо азми Исмоил», «тоҷиктарин тоҷики Тоҷикистон» (Шодӣ Шокирзода, Шарифмурод Исрофилниё), «писари ватанпарвари миллати соҳиби тамаддуни қадим» (Қосим Қосимзода);

Дар сиришти табиат – «инсони ҷафокаш ва ҷигархуни миллати тоҷик» (Юсуф Акбарзода), «фавворахун ва зиндаҷон аз гавҳари покизаи Фаридуну Рустам», «фарзанди солеҳи Исмоилу Фирдавсӣ», «шарзашер» ва «озодмард» (Фотеҳ Абдулло), «бародари ғампарвари миллати тоҷик» (Садрӣ Саъдиев), «дӯсти босафо» (Fафур Ҳайдаров), «бурун аз андоза ҳақгузор», дар маҷмӯъ, «марди донишманд, миллатпараст ва намакшинос» (Абдунабӣ Сатторзода), «инсони меҳрубони комил, шахси фозил, муҳаққиқи номӣ ва сухансанҷе, ки бе далелу бурҳони қатъӣ калимае намегӯяд» (Аълохон Афсаҳзод)… «Валӣ Самад ғайр аз ғами забону миллати тоҷик дигар проблемае надорад» (Каюмарси Ато, Иршод Сулаймонӣ ва Далер Ғуфронӣ)….

Ин гуна баҳои кори як нафар муҳаққиқ ва миллатдӯсти ашаддиро метавон афзуд… Ҷояшон ҷаннат бошад!…

Ҷанозаи Валӣ Самад нимарӯзи 25 октябр дар масҷиди “Аминҷон” баргузор мешавад.

Субҳон Аъзамзод

https://tajikistantimes.com/tajikistan/val-samad-pazh-ishgari-dardmand-az-dard-oi-millat/

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.