• Mardon
  • 03.07.2019
  • 0

Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар СММ баррасӣ шуд

Дар ҳамоиши 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейсария риояти ҳуқуҳои сиёсӣ ва мадании сокинони Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷараёни баррасӣ ба таври мустақим тавассути Радиои Озодӣ пахш шуд.

“Дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон риоят мешавад”

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ таъкид кард, ки ҳукумат ҳамеша барои иҷрои тааҳудоти байналмилалиаш барои риояти ҳуқуқи инсон таваҷӯҳи хоса дорад. Аз ҷумла, қонунҳо ба ҳар кас ҳақ медиҳад, пайрави ҳаргуна дин бошанд ва ё ба дине эътиқод надошта бошад. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон бештар аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ ва бештар аз 70 созмони динӣ сабти ном шудааст. Вай дар мавриди иҷборан тарошидани риши мардҳо ва гирифтани ҳиҷоб аз сари занон дар Тоҷикистон гуфт, “дар Тоҷикистон ҳеҷ касеро маҷбур накардаанд, ки ришашро бигирад ва ё риш намонад  ва гузоришҳо дар бораи аз сари занон кашидани ҳиҷоб асос надоранд”.

Аммо чунин гузоришҳо зиёданд ва чандин нафар гуфтаанд, ки милисаҳо ба онҳо амр додаанд, ки ришашонро бигиранд. Ҳамчунин мақомот гуфтаанд, ки бо заноне, ки либоси динӣ мепӯшанд, корҳои «фаҳмондадиҳӣ» мегузаронанд.

Юсуф Раҳмон дар бораи мубориза бо шиканҷа сӯҳбат кард ва гуфт, ки ҳамаи ҳуқуқи муттаҳамон ҳангоми бозпурсӣ риоят мешавад ва касе ҳақ надорад, бо муттаҳам бадрафторӣ кунад. Вай вуҷуди мушкилот дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсиро рад карда ва гуфт, Ҳизби наҳзати исломиро барои он бастанд, ки дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ нақш дошт. Прокурори генералӣ хабар дод, ки  дар Тоҷикистон самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ду тарҳи қонун дар ин замина таҳия мешавад.

“Тоҷикистон мухолифонро саркӯб ва озодиҳои баёну мазҳабиро маҳдуд кардааст”

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ҳукумати Тоҷикистонро дар саркӯбии мухолифони давлат, маҳдуд сохтани озодии баён ва ҳуқуқҳои динӣ муттҳам карданд. Фотин Пазартис, узви кумита гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон на ҳамаи бандҳои Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро риоят мекунад. Ӯ зиндонӣ кардани Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба дархостҳои Созмони Милал дар бораи ӯ бепосух гузоштааст.

Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд. Вазири собиқро дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.

Марсиа Кран, намояндаи Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз Канада гуфт, фасоду ришвахорӣ ба эътирофи худи мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон амиқ реша давонидааст ва ба амнияти миллии кишвар таҳдид мекунад. Вай ҳамчунин хост, ки доир ба ҷазо гирифтани онҳое омори расмӣ пешниҳод кунанд, ки барои табъиз дар заминаи нажодӣ, ҷинсӣ ва дигар ангезаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Марк Кран аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон табъизи ҳамҷинсгароён зиёд аст ва гуфт, ки «онҳо гузориш мегиранд, ки ин аққалиятҳои ҷинсиро озор медиҳанд, бо онҳо бадрафторӣ мекунанд.» Ӯ гуфт, мехоҳанд, мақомот ҷавоб бидиҳанд, ки барои монеъ шудан ба табъизи аққалиятҳои ҷинсӣ чӣ кор анҷом хоҳанд дод. Намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башар мавзӯи маргу мири зиндониён ва сарбозони тоҷикро матраҳ карда ва гуфтанд, гузориш гирифтааст, ки 19 сарбози тоҷик дар чанд соли гузашта дар артиш ҳалок шудаанд. Дар ҳамоиш масъалаҳои ошӯбҳои маргбор дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, бастани вебсайтҳо ва дастнорас кардани Интернету хадамоти мобил матраҳ шуда ва аз ҳайати Тоҷикистон тақозо шуд, ки  ин масоилро шарҳ бидиҳад. Таъкид шуд,  мақомот бо баҳонаи терроризм ва ифротгароӣ мухолифонро саркӯб карда, озодии баён ва ҳуқуқҳои дигари бунёдиро маҳдуд мекунад. Юсуф Раҳмон дар бораи бастани вебсайтҳои хабарӣ ва ё маҳрум кардани мардум аз дастрасӣ ба онҳо посухи кӯтоҳе дод ва гуфт, агар чунин коре шуда бошад, пас бар асоси қонун будааст ва ба аҳдҳои байналмилалии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner