• Бахтовар Сафаров
  • 15.07.2019
  • 29

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

Дар ин бора Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 15 июл зимни нишасти хабари дар шаҳри Душанбе хабар дод.

 Ин дар ҳолест, ки нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи Рамазон баякбор боло рафта ва ҳоло арзиши як кило гӯшт дар Душанбе аз марзи 50 сомониро убур кардааст.

Қассобон ва тоҷироне, ки ба харидуфурӯши чорво машғуланд, мегӯянд, камчинии чорво на танҳо мавсимӣ ба назар мерасад, балки дар маҷмӯъ солҳои ахир шумораи чорво дар муқоиса ба талаботи мардум ба гӯшт кам ва ҳам чарогоҳҳо тангу несту нобуд шуда истодаанд.

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон ба навбати худ афзоиши нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба талаботи истеъмолии аҳолӣ нисбат дод ва гуфт, ки вазъи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст ва талабот ба маҳсулоти беҳтар ниёз дорад.

Вале шарҳи вазири кишоварзӣ хабарнигороро қонеъ накард. Бояд зикр намуд, ки дар аввалҳои моҳи май, қабл аз моҳи Рамазон 1 кило гӯшти гов дар бозорҳои Душанбе 38 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло ин рақам ба 50-52 сомонӣ расидааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Бобо Шукуров:

    Дар гапои худаш хурсанд мешава

  • Осияа Сухроб:

    Находки як кило гушт панчох сомон инсоф оилахои калон зуршон намерасад хариданда

  • Райхон Юсупова:

    55с

  • Миратулло Баротов:

    Каме не 10с 20с Кимат шид Ида чи фархк дорай И Вазирай Гушт Праблемаш нест.

  • Tohta Egamov:

    Барои пулдор ягон қимати надорад вале бе пул шаб хоб мебинад,ки гушт хурда истодаст саҳаркати дандонҳоро кофта аз хона мебурод!!

  • Гули Ноз:

    Мардуми бечора рафта дар Россия солхои дароз кор мекунад ки шиками фарзанодша хурона ито хамун гуштам харида наметонад

  • Абу Исаев:

    Вазир халка надидай ай кучо медона. Мошин кати мебаран мебиеран пул омадестай пачка кати, ай бозор овардестиян

  • Абу Исаев:

    Ай гапи хдш хдша хандаш гирифтай

  • Otabek Pirov:

    Як омора бардора бина сатхи зиндагии мардума . Омори чахонира бина дар чои чандум карор дорем.
    Баьд бой кай парвои камбагала дора, як хонахои мардум даромада шароити мардума бина наинки аз курсии нишаст пешбини куна. Мардум мумкин ки нони хурдан надорa…

  • Баходур Олимов:

    Каме не 53 сомони шуд гушт

  • Bilal Bilal:

    И Одам бозор брава харид кна Ки бдона фикр мекна хдш дора Хама нагзай дига , Сер парвои гушна Кай дора и Аму Одамай Кай парво дора одамо Оли як кило гушта дар як мох як бор мехаран и мехона харчи шикам серай да

  • Ибодулло Саидов:

    Ин гапш сарша мехра ба фикрм. Солхои нави баьди чанги вазири хочагии кишлок Хабибулло Табаров буд. Дар мачлисе ки дар тв прямой эфир мерафт сухан доданд. Х.Табаров нав сузанро сар кард ки Абдулочонов ( сарвазири хамонвакта) уро мань карду гуфт: — шаф шаф нагуй. Хар чи ки хаст хакикатро гап зан. …..

  • Хайям Алиев:

    Кайроккумба 70 соомни буд 2 хафта пеш!!

  • Ислам Мирзозода:

    Я бераҳми дар сари одамон. Ай Худо тарсен эй. Шумо чихел мусалмоне.

  • Ramzi Schodmonbekov:

    Не пора ли ему на пенсии!!!

  • Ali Ali Ali:

    Хайрият хами шакару нон хаст агане вахо казо.

  • Халима Хакими:

    Хамин шакару нон хам киммат шуд ку? Маош хечу, нархбардори дар осмон. Имсол мардум чизе барои зимистон захира Карда натонист, шакар дар магозаи мо 8,5 сомон. Шукр ки Худо моро сабр додааст!

  • Аслам Дилафруз:

    эээ ягон вазир ё ягон коркуни баланда дар кучахо мебинед ягонтатон. НЕ. барои он ки онхо бо мошинхои кимат кимат аз дари хона то кор мераванд ва хамин хел бар мегарданд. як бор мисли мардуми оди дар автобусхо шишта ба кор раванд худашон мебинанд, якбор…

  • Халима Хакими:

    «Гушт Каме киммат шуд…» ???Минуточку, «Каме» ??? то 15-20 сомони киммат шуд! Барои шумо ин Каме бошад, барои мо «нархи гушт ба осмон расид»

  • Светлана Чагай:

    их надо всех разогнать))) достали своей некомпетентностью, повторяют, как заклинание слова предыдущих своих коллег)))

  • Сайёра Исмаилова:

    Может для них это незначительно! у них зарплата до небес. А бедный народ перед выбором со своими копейками купить мясо и продукты или заплатит за свет и воду

  • Хочи Мирзоев:

    Коргарои давлати 600 700 ойлик расход 1500 1700 вазь чи тавр хубаст аз худатон не аз мардум гап занед
    Вазири мухтарам…

  • Файз Файз:

    Кам-кам, кам-камаке.

  • Мирзоев Давлатшо:

    Камкам не мурданак киматшд 28сум бд да дусол 50сом щд хай иё нахаран бдона сахар мехезанки овардян хавлида китоба я ниго мекна ки чанкас овардабошаю ки овардабоша тамом дига

  • Шахло Каюмова:

    Эй инсоно азхад гузаронден аз худо тарсен икамбагалхо 2кг гушта дар идхо карз мекунанд убол нест магар.Як матал хаст меган сер чи парвои гурусна дорад ин хамаш назди худода чавоб дорад хозираша не удунётонам фикр кунед гури тангхаст.

  • Khayom Izatshozoda:

    Вазъи мардум хуб шидай мега бо иш хоки хунук шидай як бор дар кучоҳои шаҳр пиëда гард бад мефаҳми вазъи мардума ай утоқи кориш намебуроя шиштай и натация хонда

  • Амирхон Кушматов:

    Оё.шумо.фикр.намекунед.ки.мардум.имруз.300.сомони.маош.ё.150сомон.пенся.мегиранд.инро.фикр.накардед.ба.ризки.халки.камбагал.шумо.зоминед.хама.вакт.дар.хотир.доред.чизе.ки.нархаш.бардошта.шуд.асло.арзон.намешавад.свет.кимат.об.киммат.орд.киммот.имруз.дар.россия.нархи.гушт250.-300рубль.ин.баробар.ба.35.-40сомон.асту халка.пенсаш.камаш.20хазор.пас.пенса.ва.мохонаи.одамонро.кай.мебардоред????ё.ки.камбагал.гушт.нахурад????

  • Усмон Насризода:

    Мухимаш тинчу ором хастем. Вакте низоъу ноором бошем на гушт мефорад дар бадани мо на дигар чи. Хамааш хуб мешавад. Шукронаи оромии давлат намоем.

  • Saida Boeva:

    Чихели камеее. Мумкин барои шумо каме будагист.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner