• Бахтовар Сафаров
  • 01.07.2019
  • 0

ВКД ба шоирони Истаравшан ифтихорнома дод

Дар Фарҳангсарои ориёии шаҳри Истаравшан  бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади адабӣ -фархангӣ, таҳти унвони «Ваҳдат саодати мост» баргузор гардид.

Дар маҳфили идона Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан, полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор ширакат намуд.

Эшон роҳи пурпечутоби расидан ба ин рӯзи фирӯзро шарҳу эзоҳ дод ва тамоми мардуми тоҷику тоҷикзабонони дунёро барои ҳамдиливу ҳамбастагӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуд.

Вазири корҳои дохилӣ Генерал — полковник Рамазон Раҳимзода, ки худ шоири ваҳдатсарову ошиқи обу хоки Меҳан аст, лозим донистааст ки хидмати адибони Истаравшанро бо ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонад.

Ифтихорномаҳои мазкурро Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан, полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор ба шоирони шаҳр дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner