• Administrator
  • 21.05.2019
  • 0

ВКД рӯйхати кушташудагонро мунташир кард

Шаби 19 май соати 21.30-и вақти маҳаллӣ дар маҳбаси рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, ошӯби хунин рух дод.

Бар асари ин исён 29 зиндонӣ ва 3 корманди маҳбас кушта шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ин ошӯб Беҳрӯзи Гулмурод, писари полковник Гулмурод Ҳалимов, ки соли 2015 ба Сурия рафта ва ба ДОИШ пайваста буд, Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарифов ва Рӯҳулло Ҳасанов раҳбарӣ кардаанд.

Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати 29 зиндонӣ, ки дар ҷараёни амалиёти безараркунӣ кушта шуданд, чоп шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner