• Mardon
  • 10.10.2019
  • 0

ВКД Русия ва Тоҷикистон муборизаро алайҳи қочоқи наркотик ташдид мекунанд (видео)

Кормандони ниҳодҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар зарфи як соли ахир муштаракан 2,5 ҳазор ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ошкор ва беш аз 760 килограмм маводи мухаддирро мусодира кардаанд.  

Ин маълумот дар Ҳамоиши якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав эълон шудааст.

Бино ба иттилои ВКД-и Федератсияи Русия, Дар ин ҳамоиш Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода, вазирони корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон масоили марбут ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, вазири корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ аъзои Гуруҳи фаврии ВКД Русия 78 ҷинояткорро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, дастгир кардаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои 2016-2017 дар ҳудуди вилояти Маскав ба ғоратгарию роҳзанӣ машғул буда ва баъдан ба ватан баргаштаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner