Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ВКХ: Матолиби “Озодӣ” моҷароҷӯёна ва иғвоангез аст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як изҳорот шеваи пешниҳоди матолиби Радиои “Озодӣ”-ро «моҷароҷӯёна ва иғвоангез» номидааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як изҳорот шеваи пешниҳоди матолиби Радиои “Озодӣ”-ро  «моҷароҷӯёна ва иғвоангез» номидааст.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 3 июл дар сомонаи ВКХ мунташир шудааст, омадааст: «Радиои Озодӣ» фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст”.

Зимнан,  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қатъи парвона ё аккредитатсияи кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Барот Юсуфӣ рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум шуд. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, «зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст.» Чаҳор журналисти дигари Радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, қатъи парвонаи ин хабарнигор бар асоси талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»сурат гирифтааст. Тибқи моддаи 33-и Қонуни мазкур «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки “Озодӣ” “таблиғи идеологияи ифротӣ ва зиддимиллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24»-ро роҳандозӣ намуда, маводди он ба таври рӯйпӯшона манфиатҳои созмонҳоеро, ки  бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ифротӣ ва террористӣ эълон гардиданд, ҳимоят мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, ВКХ ба  корманди «Радиои Озодӣ», ки сабти ном нагардидаанд, тавсия додааст, фаъолияти рӯзноманигориро дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистон идома диҳанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.