• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 03.08.2018
  • 0

Як гумонбари ҳамла ба сайёҳон озод шудааст.

Аминзода Фотеҳи Файзулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон гуфт, Вайсиддин Сайфиддинов, яке аз гумонбарони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара бегуноҳ баромад ва мақомот ӯро озод кардаанд. Ба гуфтаи Аминзода, маълум шудааст, ки ин сокини Ҷайҳун, ки як деҳқони оддист, рӯзи ҳамла иштибоҳан ба рақами яке аз ҳамлагарон занг зада, ҳамагӣ чанд сония бо ӯ раддубадал кардааст.

Аминзода Фотеҳи Файзулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон рӯзи 2 август дар нишасти хабариаш гуфт, мақомот сокини ин ноҳия Вайсиддин Сайфиддиновро, ки ба даст доштан дар ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара айбдор мешуд, озод кардаанд. Ба гуфтаи Аминзода, дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки ҳамон рӯзи ҳамла Сайфиддинов рақами телефонро иштибоҳ гирифта, ба одами ношиносе занг задааст. Он одам яке аз онҳое будааст, ки он рӯз дар Данғара 4 сайёҳи хориҷиро куштанд.

Фотеҳ Аминзода гуфт: «Ҳамагӣ чанд сония гап задаанд. Баъде ки мефаҳмад ки рақамро хато гирифтааст, зуд хайрухуш мекунад. Ӯро бари асоси дунболкунии суҳбатҳои телефонии аъзои он гуруҳ боздошт карда буданд. Санҷиданд, диданд, ки бегуноҳ баромад, ҷавобаш доданд. Ӯ ҳоло дар ноҳияи Ҷайҳун дар хонааш аст. Мақомот бо ӯ кор карда истодаанд, албатта, вале воқеият ин аст, ки ӯ дар озодӣ қарор дорад.”

Раиси ноҳия гуфт, Вайсиддин Сайфиддинов як деҳқони оддист, ки тасодуфан номаш дар робита ба ин ҳодиса вирди забонҳо шуд.

«Ахбор»

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner