• Бахтовар Сафаров
  • 06.06.2019
  • 0

Ёдат ба хайр, Султон Ҳамад

Имрӯз 6-уми июн, тақрибан соати 17 дили Султони Ҳамад, — журналист, нависанда, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир аз тапидан бозмонд.

Тавре писари Султони Ҳамад, — Ҷаҳонгири Султон мегӯяд, номбурда аз саратони меъда ранҷ мебурд ва танҳо моҳи ноябри соли равон огоҳ шудаанд, ки ба ин беморӣ гирифтор аст, вале табибон гуфтаанд, ки аллакай дер шудааст.

Cултони Ҳамад 3 апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 хатм намудааст.

Соли 2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.
Соли 2005 китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо» дар нашриёти «Деваштич» аз чоп баромад.

Соли 2007 ду китоби дигари ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашриёти «Деваштич» ва китоби дигари ӯ таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.

Дар соли 2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри дуввуми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро ба чоп расиданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ- дӯсти Худо» (дар нашриёти “Истеъдод”) ва «Дар пайраҳаи нур» (дар нашриёти “Муаттар”) соли 2013 чоп шудаанд.

Ғолиби озмуни журналистони ҷумҳурӣ дар бахши «Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ», ки аз сӯи Созмони амният ва њамкорӣ дар Аврупо соли 2004 созмон ёфта буд, мебошад. Барандаи љойизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода аст. Дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Китобҳои дигари ӯ «Сулҳ ҳадяи Худо буд», «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», «Босмачӣ хоин буд ё ватанхоҳ?», «7+33=Сулҳу оштӣ» (Шарҳу тафсири чил мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), «Афғонистон баъди Толибон», «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат», «Лаби дарёи Ому» (Аз дафтари назм) омодаи нашр буданд.

Маросими ҷанозаи марҳум фардо, рӯзи ҷумъа, 7 июн, баъд аз намози ҷумъа дар масҷиди ба номи Аминҷон дар маҳаллаи 61 баргузор хоҳад шуд.

Мо аҳли кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон», «Оила» ва сомонаи
Tajikistantimes.com аз марги нобаҳангоми журналист ва муҳаққиқи соҳибном сахт андуҳгин буда, ба хешу пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонем.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner