• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 13.02.2019
  • 1

Юсуфи гумгашта пайдо шуд, аммо беҷон…

  Қариб ду ҳафта боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони ҷустуҷӯи Юсуфҷони 5-сола аз деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 31 январ ғайб зада буд, даст ба даст мегашт. Мутаассифона, ҷасади ин кӯдаки маъсумро рӯзи 11 феврал аз ҳоҷатхонаи як ҳавлии ҳамсоя пайдо кардаанд.

Рӯзи 31 январ Юсуфҷон ба мағозаи деҳа даромада, аз фурӯшанда хостааст, ки тангаи маро майдо кун. Фурӯшанда ба ӯ мефаҳмонад, ки тангааш 20-дирама аст ва кирои майда кардан нест. Юсуфҷон бо чашмони гирён аз мағоза мебарояд ва бо ҳамин дигар касе ӯро намебинад…Чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бедарак гаштани Юсуфҷони 5- сола, зодаи деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ эълонҳо нашр шуда буд. Юсуфҷон аз таьрихи 31 январ аз хона баромада дигар бедарак шуда буд. Нисфирӯзии11 феврал баьди ҷустуҷӯи зиёд ҷасади сарду қисман вайроншудаи Юсуфҷонро волидайнаш аз хоҷатхонаи ҳавлии ҳамсоя пайдо карданд.

Дар суҳбати телефонӣ падари Юсуфҷони ғӯррамарг Саидов Абдувалӣ ин фоҷиаро чунин нақл кард : «Юсуфҷон рӯзи 31 январ якбора бедарак шуд. Чӣ тавр аз хона ба берун баромаданашро надида мондем. Охирин бор ӯро фурӯшандаи мағозаи деҳаамон дидааст. Писарам ба мағоза даромада, ба фурӯшанда мегӯяд ки ин тангаи маро майда кун. Фурӯшанда бо нармӣ мефаҳмонад ки ин танга худаш 20 дирам аст ва кирои майда кардани он нест. Сипас Юсуфҷон бо чашмони гирён аз мағоза берун меравад ва дигар касе ӯро намебинад. Мо тамоми оғилҳову ҳоҷатхонаҳои мардуми деҳаро кофтукоб кардем. Дина аз ҳоҷатхонаи ҳамсояҷасади ӯро ёфтем. Ин барои мо як даҳшат аст.

Ташхиси тибби криминалӣ гузарониданд. Ҷасадро бо дили гирён ба хок супоридем. Ҳоло натиҷаи ташхис аниқ нашудааст. Тафтишоти судӣ идома дорад. Ман айни замон чизе гуфта наметавонам. Шояд писарам худаш бозӣ карда ба он ҷо афтида бошад ва ё шояд дигар фарзия ҷой дорад. Интизори натиҷаи тафтишотем.

Ман то имрӯз бо ягон ҳамсоя хусумату ҷанҷол надоштам.

Падари Юсуфҷон дигар бо гап зада натавонист…

Равонаш шод бод ин тифли ғӯррамаргро.

Шаҳлои Наҷмиддин

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Гулчахон 80:

    Ба ахли оилаи мархум изхори хамдарди намуда, Яздони пок сабри чамилашон дихад…

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner