• Бахтовар Сафаров
  • 27.06.2019
  • 0

Зафар Нозим — сорбони корвони санъати тоҷик

Зафар Нозим. Ин ном шабеҳи як кӯҳ аст, кӯҳи азим… Шукӯҳу азамати ин кӯҳ чунон бузург аст, ки ҳар як тоҷик, аз ҳама гӯшаву канори кишвар онро дида, ҳис карда метавонад.

Ӯ зиёда аз 50 сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик майдондорӣ кард. Садои марғуладори ширину гуворо, завқу салиқаи хос бо таронаҳои дилнишини ӯ бар фарози ин кӯҳандиёр муждаи нишот, ҳикмати бузурги форсӣ ва шӯру шавқи тоҷикӣ мерасонид ва ҳанӯз ҳам мерасонд…

Мактаби ҳунари Раштонзамин

Пайдоиши мактаби ҳунар, хоса суруду мусиқии сабки анъанавии форсии тоҷикӣ, дар водии Рашт решаи қадимӣ дорад. Дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ дар маркази вилояти Ғарм (имрӯза водии Рашт) ҳунармандони маъруфи минтақаҳои Рашту Дарвоз ва Бадахшон ҷамъ омада буданд, ки онҳо соҳиби мактабе бо равияву усул ва мақому мароми хос буданд. Ин мактаб ҳунармандони маъруферо чун Ҳоҷӣ Абдулазизу Шарифи Ҷӯра ба дунёи ҳунари суруду мусиқӣ овардааст, ки шуҳрату овозаи ҳунарашон то гӯшаҳои дуродури қаламрави тоҷикнишин, аз ҷумла шаҳрҳои тоҷикнишини Бухорову Самарқанд ва Фарғонаву Қӯқанд расидааст.

Солҳои баъдӣ ҳам мактаби ҳунарии Раштонзамин даҳҳо ҳунармандони маъруфро ба камол расондааст, ки миёни онҳо  Ҳофизони халқии Тоҷикистон — Иброҳими Кобулӣ, Зулфиқори Исмоил, Фозили Одил, Саймуддини Бурҳон, Шумқор Одинабеков, Давлат Ҷӯрабеков, Абдулло Назриев, Қумрӣ Қодирова, Зафар Нозим ва чанди дигар солҳои зиёд дар саҳнаи ҳунар фаъолият карда, шукӯҳу шаҳомати ин мактабро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.

Ситораи дурахшони санъати тоҷик, устод Зафар Нозим на танҳо дастпарвари ин мактаби пурқудрат аст, балки худ низ ба пояи устодӣ расида, даҳҳо шогирдонро ба воя расонид…

Фарзанди Ҳоит

Зафар Нозим 2 июни соли 1940, дар деҳаи Сақови собиқ ноҳияи Ҳоит таваллуд шудааст. Модараш — Валаъмат Мӯсоева ходими ҳизбиву давлатӣ буд ва ба фарзандаш тарбияи хуб медод. Кӯдакии Зафар ба воқеаи мудҳиш – заминларзаи Ҳоит рост омад. Ин воқеа 10 июли соли 1949, замони 9-солагии ӯ ба вуқӯъ пайваст. Ёди он рӯзҳои мудҳиш ҳамеша бо Зафар Нозим буд… 

Бо вуҷуди ин Зафар шӯху бебок ба воя мерасид. Дӯстдори санъат ва мухлиси Раҷ Капур, ки филми “Оворагард” ва суруди “Овора”-аш он замон хеле маъруфият дошт,  буд.  Вай узви дастаи ҳаваскорон буд ва дар чорабиниҳои мухталиф баромад мекард.

Соли 1957 Зафар Нозими 17-сола бо суруди “Овора” дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон, ки дар Театри тобистонаи паҳлуи чойхонаи «Роҳат» воқеъ буд, иштирок намуда, соҳиби диплом гардид. Соли 1958 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ боз як чорабинии калони фарҳангӣ доир шуд. Дар он намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҳунари чандин кишварҳои дунё, ки ба ифтихори 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Душанбе омада буданд, ҳузур доштанд. Масъулини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ маҳз ба хотири ҳамин суруди «Овора» Зафар Нозимро даъват карданд, ки дар он иштирок намояд. Дар он чорабинӣ ӯ суруди «Имрӯз не, фардо биё»-ро замзама кард. Дере нагузашта ин суруд тариқи радио садо дод ва Зафари ҳоитӣ дар Душанбеву атрофи он ҳам машҳур шуд.

Ҳамон сол  Зафар Нозим пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Варзоб ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Дар ин ҷо ҳам ба узвияти дастаи ҳаваскорон шомил гардид. Акнун аз Вазорати фарҳанг дар ҳар як консерти калон Зафарро даъват мекарданд. Албатта, он ба рафти таҳсилаш халал мерасонд. Як пагоҳии соли 1959 ректори ҳамонвақтаи донишкада Зикриё Хоҷаев бо Зафари донишҷӯ дар толори ошёнаи якуми бино рӯбарӯ мезанад:

– Ист, писарам. Ту ҳамон ҷавоне нестӣ, ки дирӯз бегоҳӣ дар Театри опера ва балет суруд хонда будӣ? – мепурсад аз ӯ.

– Ҳа, ман ҳамонам.

– Не, писарам, аз ту духтур не, балки ҳофизи хуб мебарояд. Ту бо сурудат, бо овози ширинат ба дарди мардум даво мебахшӣ. Беҳтараш аз пайи сайқали ин ҳунарат шав!

Ҳамин тавр,  Зафар Нозим умри худро ба санъат бахшид.  

Мактаби Акашариф Ҷӯраев

Соли 1959 Зафар Нозимов узви ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон гардид, ки ҳоло ба номи устод Акашариф Ҷӯраев аст.

Устод он рӯзҳоро чунин ба ёд меовард:

– Ба Филармония ба кор қабул карда, ба гурӯҳи устод Акашариф Ҷӯраев ҳамроҳам намуданд, Он вақт дар ҳайати ин гурӯҳ Абдулло Назрӣ, Барот Яхшӣ, Карим Раҳим, Шумқор Одинабек, Зулайхо Раҳимова, Барно Аҳмадова, Саломат Шоназриев, Ҳукуматшо Бандишоев ва чанде дигарон, ки номашон дар хотирам намондааст, ҳунарнамоӣ мекарданд. Як рӯз пас моро ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ба сафари ҳунарӣ фиристоданд. Рӯзи аввал дар ноҳияи Восеъ консерт додем ва ман дар байни дигар аъзои гурӯҳ ҳофизӣ кардам. Баъди се рӯз Кӯлоб рафтем. Устод Акашариф гуфтанд:

– Акнун дар Восеъ аз имтиҳони тамошобинон гузаштӣ. Дар Кӯлоб консертро ҷамъбаст мекунӣ. Супориши устод масъулиятамро зиёд кард.

Ҳамин тариқ, шоҳроҳи санъат барои Зафар Нозимов васеъ кушода гардид ва замони ба даст овардани шуҳрату шаҳомати ҳунарнамоияш ҳам фаро расид…

Пайроҳаи эҷодӣ

Зафар Нозимро асосгузори ансамбли “Наврӯз”-и  Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ном мебаранд, зеро ӯ замони  таҳсил дар УДТ барои пайдоиши ин дастаи ҳунарӣ саҳм гузошт (солҳои 1962-1963). Пас аз ин ӯ ба ба ҳайати оркестри созҳои миллии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба кор қабул шуд ва баъди як сол ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргашт ва то вопасин рӯзи ҳаёташ дар ҳамин боргоҳи санъат фаъолият намуд.

Ҳунарнамоӣ дар байни дигар ҳофизони касбӣ, машшоқону оҳангсозон ба ӯ имкон дод, ки дар андак муддат услуби хоси эҷодиашро ёбаду бо сурудҳои ҷаззобаш дар тамоми шаҳру навоҳӣ мухлисони зиёдеро пайдо намояд.

Дере нагузашта, ӯро дар Ӯзбекистон ва Эрону Афғонистон ҳам шинохтанд ва дӯст доштанд. Ӯ то охири умр эҷод кард. Сурудҳояш: «Васфи Тоҷикистон», «Туро ёбам», «Ҳамсоя бошем», «Шабат хуш бод», «Нару–нару»,  «Сорбон», «Намеёбӣ», «Рафтам ба ҷустуҷӯят», «Модари гетӣ», «Чашми сурайё», «Ғамгусори ман», «Насиҳатнома», «Табассум», «Ҷаҳони даргузар», «Шатранҷи муҳаббат», «Умрест», «Эй сорбон», «Ҳар ҷо, ки кунам хона», «Хонаи мӯр», «Модар-модар», «Аллоҳу акбар», «Эй кишвари ман»… то имрӯз вирди забонанд.

Мактаби Зафар

Соли 1964 дар ҳайати Филармония гурӯҳи ҳунарии «Садои кӯҳсор» таъсис дода шуд ва устод Зафар Нозим то соли 1985 ба он роҳбарӣ кард. Аз соли 1985 устод Зафар Нозим дар ин муассисаи ҳунарӣ Ансамбли нави этнографӣ-фолклории «Ганҷина»-ро таъсис дод.

Дар ин ансамблҳо ӯ беҳтарину боистеъдодтарин ҷавононро ҷалб карда, тарбия намуд. Ҳунарпешаи шоистаи  Тоҷикистон Чиллахон Холов – шогирди номвари Зафар Нозим мегӯяд:

— Дар таърихи санъати тоҷик кам ҳофизе ёфт мешавад, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ пайравону шогирдони худро дошта бошад. Яке аз чунин нафарон устод Зафар Нозим аст. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон: Парда Қосимов, Муродбек Насриддинов, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ: Сафаргул Юсуфова, Муқаддас Шайдуллоев, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Саидаъло Фатҳуллоев, Иззатулло Амонов, Нуралӣ Ғуломов, Қадим Хоҷаев, Донахон Нодирхонов, Тоҷиддин Муҳиддинов ва Муқим Мақсудов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Тағоймурод Хушвақтов ва даҳҳо нафари дигар дар ҳар шаҳру деҳоти мамлакат дар пайравии устод Зафар Нозимов ҳофизиро пеша кардаанду қисмате роҳи эҷодии худро ёфта, ҳунармандони асил шуда, ба мардуми кишвар хидмат карданд…

Соҳиби “Ситораи Президент”

Зафар Нозим ҳеҷ гоҳ аз пайи шуҳрат ёфтан талош накардааст, балки истеъдоди нотакрораш ба ӯ шуҳрат бахшидааст. Ҳанӯз дар 24-солагӣ унвонҳои «Ҳунарпешаи шоиста» ва дар 34-солагӣ «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон»-ро сазовор гашта, қариб дар саросари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои Шарқ алоқамандони зиёди истеъдоди хешро пайдо карда буд.

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар низ устод Зафар Нозим гули сари сабади маҷлисҳову маҳфилҳо буд. Соли 2002 ӯ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ гардид. Соли 2010 бошад, қабл аз баргузории консерти бошукӯҳи ҳунарманд бахшида ба 70-солагии мавлуд ва 50-солгии фаъолияти эҷодӣ Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Зафар Нозим ордени “Ситори Президент”-ро эъто кард…

Номи Зафар Нозим – ин сорбони корвони санъати тоҷик ҳамеша дар ёди мо хоҳад монд, суруди ӯ то ҷовидон ҳамроҳи мо хоҳад буд…

Ин навиштаро бо гуфтаи устод Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дӯсти Зафар Нозим хотима мебахшем:

– Ӯ баҳреро мемонд дар интихоби матну эҷоду оҳангбандӣ. Ҳар гоҳ, ки ба сафари ҳунарӣ ба ин ё он гӯшаи ҷумҳурӣ ва ё ба ягон кишвари хориҷӣ мерафтем, ҳатман бо маслиҳати ҳамдигар аз сурудҳои мардумӣ – фолклори он кишварҳо сурудеро азбар мекардему месароидем. Ин як роҳи пайванд сохтани дӯстии байни халқҳо буд. Устод Зафар Нозим дар таърихи санъати тоҷик асрҳои аср зинда мемонад. 

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner