• Бахтовар Сафаров
  • 04.04.2019
  • 0

Зани шахсияташ номаълум зери чархи мошин ҷон дод

Санаи 3-юми апрел, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ҷумъабоев Тоҳирҷон Мақсудович ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд — Б. Ғафуров”, дар рӯ ба рӯи ҳавзи обӣ (Аквапарк) аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, зани тахминан 20-25-соларо пахш намудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад. Ҷумъабоев Тоҳирҷон сокини шаҳри Бӯстон буда, 36 сол доштааст.

Тавре ки ВКД мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Барои муайян кардани шахсияти зани ҳалокгардида чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner