• Mardon
  • 18.04.2019
  • 0

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар масоили марзӣ ба тавофуқ расиданд

Ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди раванди корҳои саҳроӣ барои мушаххас кардани хатҳои марз миёни ин ду кишвар ба мувофиқа омаданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, рӯзҳои 11-17 апрел дар шаҳри Самарқанд ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъйини марзи муштаракро баррасӣ ва ҳамоҳанг кардаанд.

Дар поёни ин нишаст ҷонибҳо протоколи натиҷаҳои музокиротро имзо кардаанд. Музокироти ояндаи ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимаи дуюми моҳи май дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар гузашта Тоҷикистону Ӯзбекистон марзи ду тарафро комилан мушаххас карда буданд. Ҳамакнун ду тараф дар харита хатҳои дақиқи марзиро муайян мекунанд.

Созишномаи байни байни ду давлат дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018 имзо шуда буд.

Дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтанд то поёни соли 2019 ҳамаи минтақаҳои минкоришудаи марзиро поксозӣ кунанд.

Ба иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон, то соли гузашта дар кишвар ба ҷуз аз минтақаҳои марзӣ бо Узбекистон, боз 10,3 ҳазор километри мураббаи замин дар водии Рашту минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба унвони минтақаҳои хатарзои минадор боқӣ монда буданд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner