• Бахтовар Сафаров
  • 05.03.2019
  • 1

Зиндагӣ

Агар парвоз карда наметавонед, давед, агар тавони давидан надоред, қадам занед, агар инро ҳам наметавонед, рӯи замин худро кашола кунед, — илоҷе ёфта, бояд ҳамеша ба пеш дар ҳаракат бошед!

Мартин Лютер

Рӯзҳост, ки суханони тиллоии ин абармардро такрор ба такрор мехонаму аз бечоранолиҳои иддае аз одамон, нафратам меояд. Охир барои чӣ онҳо аз имрӯзи зиндагии хеш шиква карда, ба сӯйи комёбиҳои фардояшон ҳаракат намекунанд!? Зиндагӣ бечоранолӣ нест, балки он майдони набардест, ки агар лаҳзае дар ғафлат монӣ, яқинан нобуд мешавӣ. Дар ин майдон оне пирӯз мегардад, ки ҳеҷ гоҳ таслим нашуда, фақат мубориза мебарад.

Имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ иддае пайдо шудаанд, ки кори рӯзонаашон ҳангомаҷӯе беш нест. Маҳз ҳаминҳо даъво мекунанд, ки аз зиндагиву шароити хеш ризо нестанд. Бобоям мегуфт, ки мард бояд дар зиндагӣ чун кӯҳ устувор бошаду аз зиндагиву кори хеш назди касе шиква накунад. Ростӣ, ба андешаи ман низ шиква аз рӯзгор ва мушкилоти он кори мард нест.

Бегоҳӣ аз кор баромада, ба ҷониби хона мерафтам. Ҳаво хеле сард буд. Дар роҳ бо ду писарбачае вохӯрдам, ки тахминан яке 12- сола ва хурдияш 10- сола буд. Онҳо дар партовгоҳ коропка, бокалашка ва қуттиҳои гунонгунро ҷамъ карда, ба аробае бор мекарданд. Диққатамро ин ду писар ҷалб карда буду хомӯшона аз дур онҳро нигоҳ мекардам. Ниҳоят ҳисси кунҷковӣ оромам нагузошта, назди онҳо рафтам ва маълумам шуд, ки бо ин восита маблағе ба даст оварда, ба модарашон медодаанд. Ном ва суроғаашонро пурсидам, аммо аз тарс чизе нагуфтанд ва аробае, ки чанд баробар аз онҳо калон буд, кашола карда, тарафи дигар рафтанд…

Ин лаҳза чунон зарбае ба рӯҳияам зад, ки он рӯз то дили шаб хоб бо ман бегона буду чашмони андуҳгини кӯдакон ҳеҷ аз назарам дур намерафт. Ба онҳо ҳамчун нишонаи дилсӯзӣ пул дароз кардам, аммо гуфтанд, ки мо, садақа намегирем ва бо меҳнати ҳалоли хеш маблағ ба даст оварда, марди ҳақиқӣ буданамонро ба модар ва хоҳаронамон нишон медиҳем…

Мубориза бурдан ва шикаст қабул накарданро дар зиндагӣ бояд аз кӯдаке омӯхт, ки бо дастони кӯчакаш барои пайдо намудани пораи нон талош мекунад.

Доро Суҳробӣ,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Гулчахон 80:

    Бечоравор нола макун пеши зиндагї,
    К-ў њељ гўш ба афѓон намедињад.
    Чун шањсавор хезу ба зўраш савор шав,
    К-ин аспи маст тан ба заифон намедињад.
    Алимуњаммад МУРОДЇ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner