Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кашфи чоҳи нафте бо захираи 10 млн тонна дар Ӯзбекистон (Видео)

Дар ҷануби Ӯзбекистон ширкати амрикоии Epsilon Development Company чоҳе нафте кашф кард, ки 10 миллион тонна нафт ва 7 миллиард метри мукааб газ дорад. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Бояд гуфт, ки чоҳи нафт дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ҷойгир аст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз моҳи марти соли равон ширкати Epsilon Development Company ва ширкати ҳонконгии Epsilon Asia Limited барои фаъолият дар бахши ковиши нафту газ дар Ӯзбекистон муттаҳид шуданд.

Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ҳаҷми сармоягузории ду ширкат дар соҳаи нафту гази Ӯзбекистон ба 5,2 миллиард доллар мерасад.

Хабар дода мешавад, ки дар марҳилаи ибтидоӣ тамоми нафту гази истихроҷшуда дар бозори дохилии Ӯзбекистон фурӯхта мешавад.

Оғоз аз моҳи марти соли ҷорӣ ширкатҳои мазкур дар чанд минтақаи дигари Ӯзбекистон низ ба кофтани нафт машғул ҳастанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.