Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Ҷашнгирӣ” аз зодрӯзи духтари Президент

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз зодрӯзи Саида Мирзиёева, духтари Президенти Ӯзбекистон ва муовини раиси агентии ахбор ва иртибототи оммавии назди Дастгоҳи Президенти ин кишвар “таҷлил” шуд.

Аммо дар расонаҳои расмии Ӯзбекистон дар ин замина матлабе ба чашм намерасад.

Саида Мирзиёева 4 ноябри соли 1984 дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона чашм ба олам кушодааст.

Дар пайи дар Ӯзбекистон ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 духтарону домодҳои ӯ дар ниҳодҳои давлатӣ мақомҳоеро соҳиб шуданд.

Духтари бузурги Шавкат Мирзиёев-Саида муовини раиси агентии ахбор ва иртибототи оммавии назди Дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон ва Шаҳноза муовини раиси бахши Вазорати маориф таъйин шудаанд.

Дар воситаҳои ахбори умуми Ӯзбекистон мавориди мадҳу ситоиш ва “қаҳрамонсозӣ” аз фарзандони Президенти Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад.

Дар сомонаи мустақили www.bong.uz Исомиддин Пўлодов ба расонаҳои расмӣ ҳушдор додааст, ки маддоҳӣ ва “ситорасозӣ” аз духтарони Шавкат Мирзиёев оқибати хуб надорад.

Вай ба унвони мисол аз сарнавишти талхи Гулнора, духтари бузурги Ислом Каримов, Президенти собиқи Ӯзбекистон ёдовар шудааст.

Зимнан, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мақомҳои калидӣ таъйин шудани фарзандони раҳбарони давлатҳо ҳодисаи наве нест.

Духтари Нурсултон Назарбоев-Дариға, раиси Сенати Қазоқистон ва духтари Эмомалӣ Раҳмон-Озода, раҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон мебошанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.