• Mardon
  • 05.09.2019
  • 0

1150 нафар аз шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум шуданд

Рӯйхати ашхосе, ки аз шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум хоҳанд гашт, нав шуд. Сафорати Ӯзбекистон дар Москва шумори онҳоро 1150 нафар номидааст.

Бино ба хабарҳо, ин афрод беш аз се сол дар хориҷ аз кишвар кор карда, худро то ҳол дар қайди консулгариҳо намондаанд.

Дар рӯйхати мазкур 947 қазоқтабор, 84 рус, 43 ӯзбек, 25 қарақалпоқ ҳаст. Ҳамчунин дар миёни онҳо қирғизтабор, тотор, яҳудӣ, белорус, украин, куриёӣ, туркман ва турк низ дида мешавад.

Сафорати Ӯзбекистон дар Москва гуфтааст, бар асоси банди 21-и қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», масъалаи маҳрум кардани афроди мазкур аз ҳаққи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner