• Mardon
  • 15.08.2019
  • 0

627 шаҳрванди аз 50-сола Ӯзбекистон қасди донишҷӯӣ доранд

Маркази давлатии санҷиши дониш дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҳазор сокини калонсоли ин кишвар «барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо» ҳуҷҷат супурданд. Дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ маҳдудияти синну солиро барои довталабони маълумоти олӣ бекор карданд.

Ба иттилои мақомоти маорифи он кишвар, то санаи 13 август шумори довталабони то 25-сола 862 ҳазору 977 кас, довталабони аз 25 то 30-сола 103 276 кас, аз 40 то 50-сола 14 014 тан ва аз 50-сола боло 627 касро ташкил медиҳад.

Моҳи июли имсол Тухтамиш Султонови 80-сола аз вилояти Сурхандарёи он кишвар куҳансолтарин довталаб унвон шуд. Султонов якбора ба ду донишгоҳ — равияи биологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва факултаи тиббии намояндагии Академияи тиббии Тошканд дар Тирмиз ҳуҷҷат супурд.

Пештар аз ин дар Фарғона пиразани 72-сола якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супурда буд.

Шарофат Тошеваи 67-сола аз вилояти Навоии Ӯзбекистон довталаби Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner