• Mardon
  • 04.06.2019
  • 0

Афви беш аз 500 зиндонӣ дар Иди Рамазон

Дар остонаи Иди Рамазон Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон фармони “Афви гурӯҳи ашхоси зиндонӣ, ки аз кирдорашон пушаймон шуда ва ислоҳ шудаанд”-ро имзо кард, ки бар асоси он 575 нафар афв шуданд.

Тибқи ин фармон, 361 нафар пурра озод шуда, муддати ҳабси 214 нафар коҳиш меёбад. Дар миёни афроди афвшуда ҳафт нафар шахсони беш аз 60 сола, шаш зан ва як шаҳрванди хориҷӣ ҳастанд.

Дар фармон ба вазоратҳо, идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои вилояту ноҳияҳо дастур дода шудааст, то барои дар ҷамъият мутобиқ шудани ашхоси афвшуда ва ҷалби онҳо ба корҳои фоиданоку тарзи солими ҳаёт кумак кунанд.

Маъмулан дар Ӯзбекистон соле ду маротиба-дар иртибот ба Рӯзи истиқлолият ва Рӯзи қабули Сарқонун афв эълон гардида ва барои аввалин бор фармони афв ба муносибати Иди Рамазон содир шуд.

Ид ал-Фитр ё Иди Рамазон дар Ӯзбекистон рӯзҳои 5 ва 6 июн таҷлил шуда ва рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner