• Бахтовар Сафаров
  • 19.07.2019
  • 0

Ҳалокати 20 нафар дар коргоҳи Kyoto Animation

Дар натиҷаи оташ задани коргоҳи Kyoto Animation дар шаҳри Киотои Ҷопон на камтар аз 20 нафар ба ҳалокат расидааст.

Тавре хадамоти оташнишонии шаҳр хабар медиҳад, 36 тани дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Оташ субҳи рӯзи 18 июл сар зад. Гумонбари 41-сола дар дохили коргоҳ маводи сӯхт пошида, онро оташ задаст ва дар ин бора худи гумонбар иттилоъ додааст. Ӯ низ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Айни замон дар бораи далелҳои ин оташсӯзӣ ҳанӯз хабаре нашр нашудааст.

Бояд зикр намуд, ки коргоҳи Kyoto Animation соли 1981 таъсис шудааст ва ин коргоҳ ба таҳияи филмҳои тасвирӣ машғул аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner