• Mardon
  • 08.07.2019
  • 0

Ҳамлаи навбатии Толибон 12 кушта бар ҷой гузошт

Вазорати тандурустии Афғонистон хабар додааст, ки бар асари таркиши бомба дар мошин дар шаҳри Ғазнӣ, дар ғарби Афғонистон 12 нафар кушта ва 179 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Манобеъи ин вазорат таъкид кардааст, ки вазъи саломатии 13 захмӣ хеле вазнин буда ва онҳо ба бемористони шаҳри Кобул интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳасан Ризо Юсуфӣ, узви шӯрои вилояти Ғазнӣ, ҳадафи ин ҳамлаи Ҷунбиши Толибон Идораи амнияти миллӣ дар шаҳри Ғазнӣ буда, аммо дар ин инфиҷор бештар мактаббачаҳо талаф ёфтаанд.

Ин дуюмин ҳамлаи террористӣ дар вилояти Ғазнӣ дар ду рӯзи ахир аст. Рӯзи 6 июл як бомба дар дохили масҷиди Муҳаммадияи ноҳияи Хоки Ғарибони ин вилоят таркид, ки бар асари он ду нафар кушта шуда ва 20 нафар ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтаанд.

Ин ҳамлаи Толибон дар замоне сурат гирифтааст, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар музокироти сулҳ миёни Залмай Халилзода, намояндаи вижаи Амрико бо ҳайати вакилони Толибон оғоз гардидааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner