Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳамлаи навбатии Толибон: 20 кушта ва 95 захмӣ

Бар асари инфиҷори автомашинае, ки бомба гузошта шуда буд, дар шаҳри Қалот, маркази вилояти Зобул, дар ҷануби Афғонистон 20 нафар ҷон бохтанд.

Бино ба гузориши хабаргузории Тулӯъи Афғонистон, ин ҳодиса субҳи имрӯз, 19 сентябр рух дода ва бар асари таркиш бинои шӯъбаи амнияти миллӣ ва бемористони шаҳр осеб дидаанд.

Пизишкони бемористони шаҳри Қалот теъдоди захмиёнро хеле зиёд арзёбӣ карда ва гуфтаанд, ки барои интиқоли онҳо аз ҳамсояшаҳри Қандаҳор мошинҳои таъҷилӣ даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷунбиши Толибон, неруҳои ин ҷунбиш амали террористиро анҷом додаанд.

Ҳодисаи таркиш замоне рух дод, ки музокироти сулҳи Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қатъ шуда ва Афғонистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ бар асари ҳамалоти Ҷунбиши Толибон ба корзори интихоботии номзадҳо ба мақоми президентӣ, бо шумули ҳамоиши қаблазинтихоботии Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълии Афғонистон 48 нафар ҳалок шудаанд, ки бештарашон аҳолии осоишта будаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.