• Mardon
  • 12.07.2019
  • 0

Ҷарима барои нигаҳдории чорво

Сокинони атрофи шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои нигаҳдории чорво ҷарима мекунанд. Мақомот ба назорати манзили сокинон баромада, дар сурати пайдо шудани чорво, соҳибони онҳоро ҷарима мебанданд.

«Як шиноси ман ду сар гов дорад, мақомот ӯро 1600 манат (наздики 460 доллар) ҷарима карданд. Ӯро огоҳ кардаанд, ки агар чорвоашро ба ҷои дигар набарад, ин бор ҷарима гаронтар хоҳад шуд», — гуфт як сокини Ишқобод.

Онҳое ки чорво доранд, аз он ҳамчун манбаи даромади зиндагӣ истифода мебаранд.

«Меъёрҳои санитарӣ мавҷуд аст, ки солҳо қабл пазируфта шудаанд. Дар шаҳр нигаҳдории чорво манъ аст», — мегӯяд як сокини Ишқобод.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner